Ru  | Tj
Фирдавс Саидзода: «Феълан дар Душанбе 13 лоиҳаи соҳаи нақлиёт амалӣ карда мешавад»

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Фирдавс Саидзода: «Феълан дар Душанбе 13 лоиҳаи соҳаи нақлиёт амалӣ карда мешавад»
Акс: ASIA-Plus

Фирдавс Саидзода: «Феълан дар Душанбе 13 лоиҳаи соҳаи нақлиёт амалӣ карда мешавад»

Нашр шуд

Маблағи умумии иҷроиши лоиҳаҳо беш аз 11 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Тавре Ҳукумати шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, рӯзи 18-уми январи соли 2022 дар толори КВД «Нақлиёти барқӣ ва велосипед» ҷаласаи кормандони соҳаи нақлиёти пойтахт баргузор шудааст.

Таъкид мегардад, ки оид ба татбиқ гардидани 13 лоиҳаи соҳаи нақлиёт муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода зимни баромади худ дар ҷаласаи мазкур хабар додааст.

Зимнан, дар ҷаласа гуфта шудааст, ки мақсад аз амалӣ гардонидани лоиҳаҳои соҳаи нақлиёт ба кишвари замонавии транзитӣ табдил додани Тоҷикистон аст.

Бояд хотиррасон кард, ки 12-уми январи соли 2022, Рустами Эмомалӣ зимни ироаи ҳисоботи панҷсолаи ахир гуфта буд, ки баҳри баланд бардоштани сифати масолеҳи роҳсозӣ ва сохтмони роҳҳо соли ҷорӣ аз Италия 110 дастгоҳи санҷишӣ ба шаҳри Душанбе оварда мешаванд.

Ҳамчунин, шаҳрдори Душанбе хабар дода буд, ки дар бахши роҳсозӣ имсол дастгоҳи истеҳсоли асфалти аълосифат бо иқтидори 160 тонна дар як соат ва таҷҳизоти сангмайдакунӣ бо иқтидори 140 тонна дар як соат ба истифода дода хоҳанд шуд. 


Ҳаракати автобусҳо миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистони дубора аз сар гирифта мешавад



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед