Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Фоҷиа дар Рӯшон. Ду ноболиғ дар рӯди Вамар ғарқ шуд
Нашр шуд
Рӯзи 4-уми июл дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ду ноболиғ, ки яке меҳмон аз Хуҷанд буд, аз беэҳтиётӣ дар рӯди Вамар ғарқ шуд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, соати 17:10 дақиқаи рӯзи 4-уми июл дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳияи Рӯшони ВМКБ бачаҳои маҳаллӣ футболбозӣ мекарданд, ки дар ин асно туби футбол ба дарё меафтад.
Ду нафар аз ин бачаҳо, ки яке 14 сол дошту сокини деҳаи Вамари ҷамоати деҳоти Рӯшон буд ва дуюмӣ 12-сола, меҳмон аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд талош карданд, тубро доранд, вале ҳарду дар об сарорез ва ғарқ шуданд.
Гуфта мешавад, ки барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ дастаи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба ҷойи ҳодиса рафта, аммо то ҳол ҷасади ноболиғонро пайдо накардаанд.
Дар ҳамин ҳол рӯзи 3-уми июл як духтари 15-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми оббозӣ дар дарёи Сир ғарқ шуд. Наҷотбахшони раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ба ҷойи ҳодиса расида, ҷасади духтарро пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон таъкид мекунад, ки тибқи таҳлилҳо сабаби асосии марги кӯдакону наврасон дар обанборҳо ба айби калонсолон рух медиҳад, ки фарзандони худро беназорат мегузоранд.
Бар асоси иттилои ин ниҳод, аз оғози соли равон дар обҳои Тоҷикистон наздики 40 кӯдаку наврас ғарқ шуда, ҷони худро аз даст дод.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед