Ru  | Tj
Форуми ҷавонони Тоҷикистону Русия имрӯз дар Маскав ба кори худ анҷом мебахшад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Форуми ҷавонони Тоҷикистону Русия имрӯз дар Маскав ба кори худ анҷом мебахшад
Акс: Sputnik

Форуми ҷавонони Тоҷикистону Русия имрӯз дар Маскав ба кори худ анҷом мебахшад

Нашр шуд

Дилшод Назаров дар маросими ифтитоҳи Форуми ҷавонони Тоҷикистону Русия дар Маскав ба таври маҷозӣ суханронӣ кард.

Кумитаи ҷавонон ва варзиш хабар дод, ки дирӯз дар Маскав Форуми ҷавонони Тоҷикистону Русия оғоз ба кор кард, ки ду рӯз идома ёфта, имрӯз ба анҷом мерасад.

Гуфта мешавад, ҳамгироӣ миёни ҷавонони ду кишвар аз ҳадафҳои аслии ин форум буда, мавзӯи калидии он чашмандози рушди сайёҳии ҷавонон дар Тоҷикистону Русия мебошад.

Ҳамчунин, масоили марбут ба тақвияти фаъолияти волонтёрӣ ва таҳия ва иҷрои лоиҳаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ширкаткунандагони форум мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Дар ин ҳамоиш аз Тоҷикистон 8 нафар ҷавон аз ҳисоби кормандони ниҳодҳои тобеи Кумита ва дигар мақомоту ташкилоти ҳамкор иштирок доранд.

Бояд гуфт, ки Форуми ҷавонони Тоҷикистону Русия дар доираи раисии Тоҷикистон дар Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ ва Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мешавад.

Мубтакирони баргузории ин форум Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ва Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия мебошанд.

Форуми ҷавонони бахши молия номзади худро интихоб намуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед