Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон соли 2022 ба беш аз 3,1 млн мусофир хидмат расониданд
Нашр шуд
Нишондиҳандаҳои фаъолияти фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соли гузашта наздики ду баробар зиёд шудааст. Аммо дар бозори ҳамлунақли ҳавоӣ танҳо як ширкати тоҷикистонӣ фаъол аст.
Дилшод Сафарзода, раҳбари Ожонси ҳавонавардии кишварии Тоҷикистон рӯзи 1-уми феврал дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, ки фурудгоҳҳои байналмилалии ин кишвар дар соли 2022 ба беш аз 3 миллиону 137 ҳазор мусофир хидмат расониданд.
Ба гуфтаи Дилшод Сафарзода, ин рақам дар қиёс ба нишондиҳандаи хидматрасонии мусофирон дар Тоҷикистон дар соли 2021 1,9 баробар зиёд буда, беш аз нисфи шумораи мусофирони зикршуда ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рост меояд.
Дар ин замина таъкид шуд, ки Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар соли 2022 ба беш аз 1,7 миллион мусофир хидмат расонида, инчунин 1,8 хазор тонна бор ва почта низ фиристода ва қабул карда шуд.
Дар ин баробар гуфта мешавад, ки соли гузашта Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба беш аз 900 ҳазор нафар мусофир, Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ба зиёда аз 334 ҳазор ва Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар ба 137 ҳазор нафар мусофир хидмат кардаанд.
Дар нишасти матбуотии Ожонси ҳавонавардии кишварии Тоҷикистон зикр шуд, ки дар бозори ҳамлунақли ҳавоии ин кишвар як ширкати ватании «Сомон Эйр» ва 11 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ фаъолият мекунанд. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар соли гузашта 546,9 ҳазор мусофир интиқол додааст, ки нисбат ба соли 2021 39,9 дарсад ё 156,1 ҳазор мусофир зиёд мебошад.
Дар ин миён танҳо ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» бинобар корношоям будани ҳавопаймоҳояш дар соли 2022 ҳеч парвозе анҷом надодааст. Ширкати мазкур танҳо тибқи фармоиш бо чархболҳои Мӣ-8 АМТ ва Мӣ-172 парвозҳо анҷом додааст.
Дар ҳамин ҳол дар идомаи ин мавзӯъ таъкид шуд, ки ширкати «Тоҷик Эйр» барои азсаргирии парвозҳо ният дорад аз ширкати ҳавопаймоии «Southwind»-и Туркия ду ҳавопаймои «Airbus» ба иҷора бигирад.
Гуфтанист, ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аз 1 сентябри соли 2020 ба далели мушкилоти иқтисодӣ ва набудани ҳавопаймои коршояш аз фаъолият бозмондааст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед