Ru  | Tj
Футболбозони ҷавони тоҷик ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳхат гирифтанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Футболбозони ҷавони тоҷик ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳхат гирифтанд
Акс: ASIA-plus

Футболбозони ҷавони тоҷик ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳхат гирифтанд

Нашр шуд

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 бо касби мақоми дувум дар гурӯҳ ба даври ниҳоии ин сабқат роҳ ёфт.

Ба иттилои Федератсияи футбол, тими олимпии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи “В” дар Варзишгоҳи Душанбе бо дастаҳои Лубнон, Непал ва Эрон вориди сабқат шуд ва Лубнону Непалро шикаст доду аз тими Эрон шикаст хӯрд. 

Манбаъ меафзояд, дастаҳои олимпии Қатар, Эрон, Ироқ, Кувейт, АМА, Урдун, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Ветнам, Малайзия ва Ҷопон бо ишғоли мақоми нахуст дар гурӯҳҳояшон ва Ӯзбекистон ба ҳайси мизбон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтаанд. 

Гуфта мешавад, дар баробари тимҳои ғолиби гурӯҳҳо дастаҳои Тайланд, Арабистони Саудӣ, Турманистон ва Тоҷикистон чун чаҳор дастаи беҳтарине, ки дар гурӯҳҳои хеш мақоми дувумро касб кардаанд, ҳуқуқи иштирок дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022-ро пайдо карданд. 

Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 43 даста дар 11 гурӯҳ байни ҳам сабқат карданд ва ғолибони гурӯҳҳо ва чаҳор дастаи беҳтарине, ки мақоми дувумро касб карданд, ба даври ниҳоии ин мусобиқа роҳхат гирифтанд.  

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 аз 1 то 19 июни соли оянда дар Ҷумҳурии Ӯзбакистон баргузор мешавад. 

Беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар 2020 маълум шуд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед