Ru  | Tj
Футболбозони навраси тоҷик дар Тошканд аз ҳамсолони ҷопонии худ шикаст хӯрданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

 Футболбозони навраси тоҷик дар Тошканд аз ҳамсолони ҷопонии худ шикаст хӯрданд
Акс: Федератсияи Футболи Тоҷикистон

Футболбозони навраси тоҷик дар Тошканд аз ҳамсолони ҷопонии худ шикаст хӯрданд

Нашр шуд

Мунтахаби футболбозони навраси то шонздаҳсолаи Тоҷикистон дар бозӣ бо ҳамсолони ҷопонии худ дар Тошканд бо ҳисоби ду бар сифр ба шикаст мувоҷеҳ шуданд.

 Ба иттилои шабакаи телевизионии «Варзиш», тими наврасони Тоҷикистон (U-16) дар нахустин бозии худ дар сабқати байналмилалие, ки дар пойтахти Ӯзбекистон ба хотираи президенти собиқи Ассотсиатсияи футболи ин кишвар Мираброр Усмонов баргузор гардид, аз дастаи Ҷопон бо ҳисоби ду бар сифр мағлуб шуд.

Манбаъ меафзояд, ин бозӣ 23-уми август дар майдони Академияи «Бунёдкор»-и шаҳри Тошканд баргузор гашт ва голҳоро Шунго Сугиура ва Шота Кофие,  бозигарони навраси ҷопонӣ ба ҳадаф расониданд.

Гуфта мешавад, дар ин мусобиқа, ки то 27-уми август давом меёбад, тимҳои наврасони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Ҷопон ширкат ва байни ҳам рақобат мекунанд. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мегардад ва тиме ғолиб дониста мешавад, ки имтиёзи бештар ба даст меорад. Наврасони тоҷик рӯзи 25-уми август бо тими Эрон ва рӯзи 27 август бо тими Узбекистон рақобат хоҳанд кард.

Ин нахустин мусобиқаи байналмилалиест, ки мунтахаби футболбозони навраси тоҷик таҳти роҳбарии сармураббии нав Раҳматулло Фузайлов ба майдон мебароянд. Лозим ба зикр аст, ки ширкат дар мусобиқаи мазкур барои наврасони тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 ба шумор меравад.

Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасони то шонзаҳсола аз 5-ум то 9-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд ва мунтахаби кишвар дар гурӯҳи "Н" барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи баъдӣ бо дастаҳои Афғонистон, Тимори Шарқӣ ва Муғулистон сабқат мекунад.

“Суғдиён”-и Ӯзбекистон дар меҳмонӣ бар тими футболи "Хуҷанд" пирӯз омад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед