Ru  | Tj
Футболбозони тоҷик "Ҷоми Шоҳи Таиланд"-ро ба даст оварданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Футболбозони тоҷик "Ҷоми Шоҳи Таиланд"-ро ба даст оварданд
Акс: Федератсияи Футболи Тоҷикистон

Футболбозони тоҷик "Ҷоми Шоҳи Таиланд"-ро ба даст оварданд

Нашр шуд

Тими мунтахаби футболи Тоҷикистон ғолиби 48-умин сабқати байналмилии "Ҷоми Шоҳи Таиланд - 2022" ë худ «King’s Cup 2022» гардид.

Ба иттилои Федератсияи футболи кишвар, мунтахаби Тоҷикистон дар финали ин мусобиқа шоми дирӯз дар  варзишгоҳи "The 700th Anniversary of Chiang Mai» -и Чианги Таиланд бо тими Малайзия вориди майдон шуда ва дар силсилаи зарбаҳои 11 метра ғолиб омад.

 Манбаъ меафзояд, дар ин бозӣ дарвозабони дастаи Тоҷикистон Рустам Ятимов 3 зарбаи 11 метраро баргардонид ва беҳтарин бозигари финали «King’s Cup 2022» дониста шуд.

 Ҳамчунин, барои ишғоли мақоми савум дар ин мусобиқаи бонуфузи қитъавӣ тимҳои Тринидад ва Тобаго ва Таиланд байни ҳам рақобат карданд ва пирӯзӣ насиби футболбозони дастаи мизбон гардид.

Дастаи Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ тими Тринадад ва Тобагоро шикаст дода буд.

Бояд гуфт, ки ин нахустин дастоварди бузурги мунтахаби футболи Тоҷикистон зери роҳбарии мураббии хорватӣ Петр Сергт мебошад. Қаблан Федератсияи футболи кишвар фаъолияти сармураббиро қаноатбахш хонда буд.

Футболбозони Тоҷикистону Малайзия ба финали «King’s Cup 2022» баромаданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед