Ru  | Tj
Футболбозони Тоҷикистону Малайзия ба финали «King’s Cup 2022» баромаданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Футболбозони Тоҷикистону Малайзия ба финали «King’s Cup 2022» баромаданд
Акс: Федератсияи Футболи Тоҷикистон

Футболбозони Тоҷикистону Малайзия ба финали «King’s Cup 2022» баромаданд

Нашр шуд

Тими мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври нимниҳоии Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» дастаи  мунтахаби Тринидад ва Тобагоро шикаст дод.

Ба иттилои Федератсияи футболи кишвар, дар даври нимниҳоии «King’s Cup 2022» мунтахаби футболи Тоҷикистон шоми гузашта дар шаҳри Чиангмайи Таиланд бо дастаи Тринидад ва Тобаго вориди майдон шуд ва пирӯз гардид.

Манбаъ меафзояд, футболбозони тоҷик дар ин бозӣ ба дастаи ҳариф ду тӯб ворид кардаву худ як гол сар додаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар бозии дигари даври нимниҳоии ин мусобиқа Малайзия тими Таиландро мағлуб кард.

Акнун мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 25-уми сентябр барои ба даст овардани Ҷоми шоҳона бо тими Малайзия рақобат менамояд.

Бояд гуфт, ки сармураббии мунтахаби Тоҷикистон  қабл аз ин бозӣ гуфта буд, ки дастпарваронаш барои пирӯзӣ тамоми талоши худро хоҳанд кард. Зеро дар рейтинги ФИФА, Тринидад ва Тобаго аз Тоҷикистон дар раддаҳои болотар қарор дорад.


 

Дар Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалии ҷудо барои дарëфти Ҷоми Президент доир мегардад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед