Ru  | Tj
Фёдор Емеляненко муҳорибаи Абдурозиқ ва Хасбуллоҳро танқид кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Фёдор Емеляненко муҳорибаи Абдурозиқ ва Хасбуллоҳро танқид кард
Акс: Интернет

Фёдор Емеляненко муҳорибаи Абдурозиқ ва Хасбуллоҳро танқид кард

Нашр шуд

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ муҳорибаи ду блогерҳои қадпаст чанд муддат боз дар ҷараёни баҳс аст.

Ҷангандаи машҳури рус ва раҳбари шӯрои нозирони Иттиҳоди ММА-и Русия Фёдор Емеляненко задухӯрди байни блогерҳо Хасбуллоҳ ва Абдурозиқро амали нодуруст арзёбӣ кард.

"Ман зидди чунин муҳорибаҳо ҳастам”, - гуфт Емеляненко.

“Замоне буд, ки MMA ташаккул меёфт, муштзанҳо буданд. Аммо ҳоло ин як намуди варзиш аст - тибқи қоидаҳо, он чеҳраи худро дорад. Замоне, ки дар вазорат кор мекардам, пешниҳод мешуд, ки задухӯрдҳои гуногунро ҷонибдорӣ карда шавад”, илова намуд роҳбари Шӯрои нозирони Иттиҳоди ММА-и Русия.

Ӯ дар охир пешниҳод кардааст, ки қоидаҳо бояд дар вазорати варзиш муқаррар шуда ва ҳамчунин қатъӣ назорат карда шаванд.

Бояд гуфт, ки вақтҳои охир дар ВАО-и дохиливу хориҷӣ дар атрофи муҳорибаи ин ду ҷавони қадпаст назарҳои гуногуни интиқодӣ баён мегарданд.

Донишҷӯи Тоҷикистонӣ дар як мусобиқаи байналмилалии муҳорибавӣӣ дар Маскав пирӯз шуд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед