Ru  | Tj
Гӯшту тухми мурғ арзон мешавад: Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд ду корхонаи парандапарвариро ифтитоҳ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Гӯшту тухми мурғ арзон мешавад: Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд ду корхонаи парандапарвариро ифтитоҳ кард
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Гӯшту тухми мурғ арзон мешавад: Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд ду корхонаи парандапарвариро ифтитоҳ кард

Нашр шуд

Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти ду корхонаи парандапарварӣ оғоз бахшид.

Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон  корхонаи парандапарварии “Суғд-саноат-паранда” ва дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи “Парандапарвар-2017” – ро ифтитоҳ кардааст.

Гуфта мешавад, “Суғд-саноат-паранда”  зарфияти истеҳсоли 1200 тонна гӯшти мурғ дар як солро дорад ва таҷҳизоту техникаҳои зарурии ин коргоҳ  аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудаанд.

Дар “Парандапарвар-2017” бошад, айни замон парвариши 578 ҳазор мурғ ба роҳ монда шуда, ин корхона дар як рӯз 350 ҳазор дона ва дар як сол 126 миллион дона тухм истеҳсол мешавад.

Манбаъ гуфтааст, ки бо боло бурдани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои мурғпарварӣ ояндаи наздик талаботи ҷумҳурӣ ба гӯшти мурғ ва тухм пурра таъмин гардида, содироти ин навъи маҳсулот ба хориҷи кишвар ба роҳ монда мешавад.

Дар чорчӯби ин сафар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳри Хуҷанд дар маросими ба баҳрабардорӣ расидани кӯдакистони “Меҳросо”,  дармонгоҳи бачагонаи дандонпизишкӣ ва коргоҳи нави “Тектстилимпекс” ширкат намудааст.

28-уми июл Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани  як қатор иншооти таъйиноти гуногун бо як сафари корӣ ба вилояти Суғд рафта буд. Ин сафари Президент аз ноҳияи Айнӣ оғоз ёфта, Эмомалӣ Раҳмон дар доираи он ҳамчунин аз навоҳии Шаҳристон, Спитамен ва Ҷаббор Расулов дидан кард. 




Дар Хуҷанд барои 200 кӯдаки ятиму бепарастор кӯдакистон бунёд гардид

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед