Ru  | Tj
Гардиши долларҳои тақаллубӣ дар Душанбе ошкор шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Гардиши долларҳои тақаллубӣ дар Душанбе ошкор шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Гардиши долларҳои тақаллубӣ дар Душанбе ошкор шуд

Нашр шуд

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз ошкор шудани як ҳолати истифода аз долларҳои тақаллубӣ дар пойтахт хабар дод. Қабл аз ин як нафар барои сохтани арзи 50 сомонӣ дар пойтахт боздошт шуда буд.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ки шаҳрванд Тоиршоҳ Катамардов, сокини 27-солаи пойтахт, аз ҷониби кормандони полис ҳамчун гумонбар барои ба муомилот баровардани арзи тақаллубии доллари амрикоӣ дастгир карда шуд.

Дар натиҷаи тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки номбурда доллари қалбакиро тавассути як нафар ҳаммаслакаш аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ворид намуда, онро ба муомилот баровардааст.

Аз ҷумла, гумонбаршаванда Тоиршоҳ Катамардов бар ивази маблағи қарз ба як нафар ҷавони сокини пойтахт 11 адад  100-доллараи қалбакӣ пардохт намуда, ӯро фиреб кардааст.

Ҳамзамон, баъди дастгир гардидан, зимни кофтуков аз ҷайби номбурда 21 адад 100-доллараи қалбакӣ дарёфту мусодира карда шуданд.

Айни замон Катамардов Тоиршоҳ дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ тибқи талаботи моддаи 281 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Хотиррасон мекунем, ки чанде пеш кормандони полиси шаҳри Душанбе, шаҳрванд Ибодулло Саидови 51-соларо ҳамчун гумонбар барои тайёр ва ба муомилот баровардани арзи тақаллубӣ дастгир карданд. Гуфта мешавад, ки номбурда бо истифода аз дастгоҳи чопӣ 50 сомонии тақаллубӣ омода мекардааст.

Ҳоло нисбати ӯ низ тибқи талаботи моддаи 281 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Бояд гуфт, ки ин моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Тайёр  кардан ё ба  муомилот баровардани  пул  ё  коғазҳои қиматноки қалбакӣ) маҳрум  сохтан аз озодӣ ба  муҳлати аз аз 5 то 15 сол бо  мусодираи молу мулкро пешбинӣ мекунад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед