Ru  | Tj
Гардиши мол миёни Туркия ва Тоҷикистон аз марзи 2 миллиард доллар гузаштааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Гардиши мол миёни Туркия ва Тоҷикистон аз марзи 2 миллиард доллар гузаштааст
Акс: ASIA Plus

Гардиши мол миёни Туркия ва Тоҷикистон аз марзи 2 миллиард доллар гузаштааст

Нашр шуд

Дар панҷ соли ахир гардиши мол миёни Тоҷикистону Туркия ба бештар аз ду миллиард доллар баробар будааст.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, ин матлабро Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар мулоқоти худ бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар Ашқобод баён кард.

Раҳмон дар ин дидор, ки дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, Туркияро шарики муҳимми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ унвон кард ва гуфт, ки хушбахтона, имрӯз муносибатҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар раванди рушди устувор касб намудааст.

Манбаъ мегӯяд, тарафҳо дар ин гуфтугӯ ба масоили тақвияту густариши робитаҳои ду кишвар дар заминаҳои ояндадори сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту боркашонӣ ва иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ намуданд.

Ҳамчунин, Президенти Тоҷикистон аз мусоидати Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар рушди бахшҳои калидии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард.

Ҳамкорӣ дар бахшҳои амниятӣ ва муборизаи муштарак алайҳи терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддиру ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ аз дигар меҳварҳои мулоқоти Раҳмону Эрдуғон буд.

Манбаъ меафзояд, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва гардишгарӣ аз самтҳои ояндадори рушди равобити Душанбеву Анқара унвон шуд.

Эмомалӣ Раҳмон шоми 27-уми ноябр ба манзури ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲИ ба Ашқобод рафта буд. Президенти Тоҷикистон 28-уми ноябр дар баробари ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲИ бо чанде аз роҳаброни давлатҳои узви ин созмон дидору гуфтугӯҳои дуҷониба анҷом дод.

Созмони ҳамкории иқтисодӣ соли 1985 аз ҷониби Эрон, Туркия ва Покистон таъсис ёфта, соли 1992 ҳафт кишвари дигар - Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба он пайвастанд.

Тоҷикистону Туркия ният доранд мизони гардиши молро ба 1 миллиард доллар расонанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед