Ru  | Tj
«Газпром» бо Ӯзбекистон «Нақшаи роҳ»-и ҳамкорӣ дар бахши газро имзо кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

«Газпром» бо Ӯзбекистон «Нақшаи роҳ»-и ҳамкорӣ дар бахши газро имзо кард
Акс: apa.az

«Газпром» бо Ӯзбекистон «Нақшаи роҳ»-и ҳамкорӣ дар бахши газро имзо кард

Нашр шуд

Ширкати «Газпром»-и Русия бо ҷониби Ӯзбекистон «Нақшаи роҳ»-и ба ҳамкорӣ дар бахши газро ба имзо расонид.

Хабаргузории Podrobno.uz бо такя ба иттилои ширкати «Газпром»-и Русия навиштааст, ки ахиран миёни раҳбари ин ширкат Алексей Миллер ва Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов, вазири энержии Ӯзбакистон мулоқоти корӣ баргузор шуд. Ҷонибҳо дар ин дидор масъалаҳои кунунӣ ва ояндаи ҳамкориҳоро ду ҷонибро дар бахши энержӣ баррасӣ карданд.

Ин манбаъ таъкид кардааст, ки дар поёни мулоқот Алексей Миллер ва Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов «Нақшаи роҳ» барои ҳамкорӣ дар соҳаи газро ба имзо расониданд.

Қобили зикр аст, ки раҳбарияти Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон имкони афзоиши интиқоли гази Русия ба ин ду кишварро бо назардошти афзоиши талаботи дохилӣ ва уҳдадориҳои содироти газ ба Чин баррасӣ мекунанд. Гуфта мешавад, ки барои иҷрои ин кор таҷдиди зерсохтҳои интиқоли газ ва ҳатто сохтмони лӯлаҳои нави газ лозим аст. Аз ҷумла дар қаламрави Русия барои рушди зарсохтҳои интиқоли газ тақрибан сармоягузории 260 миллиард рубл лозим аст.

Бояд гуфт, дар зимистони имсол ба далели сармои шадид Ӯзбекистон ба буҳрони бузурги энержӣ дучор шуд. Ба гуфтаи мақомоти Ӯзбекистон, дар авҷи сарбории зимистон дар ин кишвар дар як шабонарӯз камбуди то 20 миллион метри мукааб газ мушоҳида мешавад.

Бо назардошти ин вазъият давлати Ӯзбекистон тасмим гирифт, ки мазутро ба далели камбуди манобеъи энержӣ дар сармои шадид воридоти газ, нерӯи барқ ва ангишт ба ин кишварро афзоиш диҳад. Ба ин тартиб, Ӯзбекистон дар фасли зимистон ба воридоти 1,5 миллиард метри мукааб гази табиӣ аз Туркманистон ба манзури қонеъ кардани ниёзҳои дохилӣ шурӯъ кард. Аммо рӯзҳои 12 то 21-уми январ Туркманистон интиқоли газро ба далоили фаннӣ мутаваққиф кард. Дар ҳоли ҳозир интиқоли газ аз Туркманистон дубора барқарор шудааст.

Ин хабаргузорӣ менависад, ки Ӯзбакистон тавони тавлиди тақрибан 70 миллиард метри мукааб газро дар як сол дорад, аммо ба далели тамом шудани захираҳо талафоти фанноварӣ (технологӣ) ва набуди низоми муассири назорат таъминоти газ дар солҳои ахир ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст. Дар соли 2022 истихроҷи газ дар Ӯзбекситон нисбат ба соли 2021 4 дарсад кам шуда, 51,7 миллиард метри мукаабро ташкил дод. Ба гуфтаи мақомоти Ӯзбекистон, дар соли 2023 ин кишвар метавонад 56,3 миллиард метри мукааб гази табиӣ тавлид кунад.

Хотиррасон мекунем, ки рӯзи18-уми январ ширкати «Газпром» бо Қазоқистон низ «Нақшаи роҳ»-и ҳамкорӣ дар бахши газро имзо кард. Санади мазкур самтҳои асосии ҳамкориҳои ҷонибҳо, аз ҷумла доир ба коркарди гази Қазоқистон дар корхонаи шаҳри Оренбург, имкони интиқоли гази Русия ба Қазоқистон ва инчунин лоиҳаҳои ояндадори ҳамкориҳои ду ҷонибро муайян мекунад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед