Ru  | Tj
Генерали Ҳинд: “Дар марзи Кашмир мо силоҳҳои боқимондаи низомиёни Амрикоро дар Афғонистон кашф кардем

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Генерали Ҳинд: “Дар марзи Кашмир мо силоҳҳои боқимондаи низомиёни Амрикоро дар Афғонистон кашф кардем
Акс: Интернет

Генерали Ҳинд: “Дар марзи Кашмир мо силоҳҳои боқимондаи низомиёни Амрикоро дар Афғонистон кашф кардем

Нашр шуд

Генерал Аҷай Чандпурия, генерали аршади Артиши Ҳиндустон гуфт, дар Кашмир дар қисматҳои марз бо Покистон аслиҳаҳое мусодира шудаанд, ки нерӯҳои Амрико ба Афғонистон гузоштаанд.

Генерали Артиши Ҳиндустон дар ин бора рӯзи шанбе дар мусоҳиба бо хабаргузории “Siam Aquarius” изҳорот додааст.

Ӯ гуфтааст: "Мо силоҳ, таҷҳизоти назорати визуалӣ ва лавозимоти ҷангиро кашф кардем, ки қаблан дида нашуда буданд. Ин аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ таҷҳизоти амрикоӣ аст, ки ҳангоми хурӯҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон дар онҷо мондааст ва ҳоло дар дасти Толибон* қарор дорад ва бештари ин силоҳҳои пешрафта ба Покистон оварда шудааст ва ҳоло бар зидди мо истифода мешавад.”

Дар ин гузориш аз қавли генерали ҳиндӣ омадааст, ки таҷҳизот ва лавозимоти ҷангӣ, ки аз Покистон ба Кашмир ворид мешавад, аз сӯи нерӯҳои кишвари Ҳиндустон мусодира шудааст.

Ҷаноби Чандпурия гуфт, гузориши амниятии Артиши Ҳинд нишон медиҳад, ки Покистон тундравҳои афғонро ба Кашмири таҳти идораи Ҳинд барои ҷанг интиқол медиҳад.

Мувофиқи маълумоти генерали ҳарбии Ҳиндустон, қариб 100 то 130 нафар экстремистҳо ба лагерҳои таълимӣ ба сарҳади Кашмир кӯчонида шудаанд, ки бештари онҳо Толибони Афғонистон ҳастанд.

Ҳиндустон тахмин мезанад, дар ҳоли ҳозир аз 150 то 200 нафар ифротгароён дар Кашмир таълим гирифтаанд, ки аксари онҳо ҷавононе ҳастанд, ки тавассути Покистон мағзшӯӣ шудаанд.

Генерал афзудааст, дар Афғонистон теъдоде аз гурӯҳҳои террористӣ, ки бо нерӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико ҷангидаанд, ҳоло ба Ҳинду Осиёи Марказӣ чашм дӯхтаанд.

Кашмир, ки асосан мусалмоннишин аст, пас аз истиқлолияти Покистон ва Ҳиндустон дар соли 1947 ба ду қисм тақсим шудааст, ки яке таҳти ҳукмронии Ҳиндустон ва дигаре таҳти тасарруфи Покистон қарор дорад.

*Толибон – Ҳаракати террористӣ


Вазири Толибон: Дар таърих ҳеҷ гурӯҳе мисли Толибон ҳамлаҳои маргталабона анҷом надодааст




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед