Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон баҳри суботи кишвар дар оромгоҳи Ҳазрати Амирҷон дуо кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон баҳри суботи кишвар дар оромгоҳи Ҳазрати Амирҷон дуо кард
Акс: Интернет

Эмомалӣ Раҳмон баҳри суботи кишвар дар оромгоҳи Ҳазрати Амирҷон дуо кард

Нашр шуд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми боздидаш аз ноҳияи Вахш ба шаҳри Кӯлоб рафта, нахуст оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат ва бо қироати оятҳо аз Қуръон баҳри суботи кишвар ва осудагии мардуми тоҷик дуо кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Президент, Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо мақсади шиносоӣ бо корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва боздид аз ҷараёни барқарорсозии хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон ба шаҳри Кӯлоб рафта, бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба гузаштагон нахуст оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат ва бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид баҳри суботу оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол, осудагии мардуми кишвар ва пешрафту шукуфоии Ватан дуо кардааст.

Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон пас аз ин аз роҳи автомобилгарди зарардидаи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53 – и ин шаҳр боздид ба амал оварда, бо корҳои бартарафсозии офати табиӣ дар канали Девонасой ва ҷараёни барқарорсозии хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, воқеъ дар маҳаллаи Даминзодаи шаҳри Кӯлоб ошно шудааст.

Дар доираи сафарӣ корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нимаи аввали имрӯз Сарвари давлат аз навоҳии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Вахш дидан карда, бо раванди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ошно ва бо мардуми зарардида дидору гуфтугӯ карда буд.

Миннатдории Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳрвандон

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед