Ru  | Tj
Геологҳои тоҷик ба истифодаи нармафзори «Макромайн» мегузаранд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Геологҳои тоҷик  ба истифодаи нармафзори «Макромайн» мегузаранд
Акс: Интернет

Геологҳои тоҷик ба истифодаи нармафзори «Макромайн» мегузаранд

Нашр шуд

Дар  Душанбе Конфронси панҷуми байналмилалии истифодабарандагони барномаи «Макромайн» ба кори худ оғоз намуд.

Ба гузориши хабаргузории расмии "Ховар", рӯзи 4-уми август бо ҳузури намояндагони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Австралия ва Фаронса дар Душанбе Конфронси панҷуми байналмилалии истифодабарандагони «Макромайн» шурӯъ шуд.

Ба навиштаи манбаъ, дар маросими ифтитоҳи ин конфронс Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иштирок ва суханронӣ кардааст.

Оймуҳаммадзода аз ҷумла гуфтааст, ки ин конфронс дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ирогардида дар Паёми имсолаи Президент  ба Маҷлиси Олӣ  дар мавриди гузаштан ба стандартҳои байналмилалии ҳисоби захираи канданиҳои фоиданок баргузор мегардад.

Вай ҳамчунин таъкид доштааст,  Тоҷикистон кӯшиш менамояд ба истифодаи усулҳои муосире, ки айни ҳол дар ҷаҳон баҳри кашфи конҳо самаранок ба кор бурда мешаванд, дастрасӣ пайдо намояд.

Аз ин рӯ, дар лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди геология барои солҳои 2021-2030» барномаи «Макромайн» низ ворид карда шудааст, ки давоми даҳ сол дар ҷумҳурӣ пурра ҷорӣ мегардад.

Манбаъ афзудааст, директори тиҷоратии «Макромайн» Амбруаз Нанкетт дар расми ифтитоҳи конфронс  иброз намудааст, ки корбурди нармафзори «Макромайн» барои истихроҷи маъдан тақозои замон буда, имрӯз ин барнома дар  100 давлати ҷаҳон истифода мегардад.

Бояд гуфт, Тоҷикистон ду  сол аст, ки бо ширкати «Макромайн» ҳамкорӣ  дорад ва дар ин  доира аллакай  чанд ширкати ватанӣ аз барномаи мазкур истифода мебаранд.

Ширкати «Макромайн» соли 1986 дар Австралияи ғарбӣ таъсис ёфта, таъминкунандаи аслии корхонаҳои истихроҷӣ бо нармафзорҳои муосир мебошад.

Агентии омор аз афзоиши истеҳсоли гӯшт дар соли ҷорӣ хабар дод


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед