Ru  | Tj
“Giesecke+Devrient”: “Сомонӣ” аз ҷиҳати бехатарӣ дар қатори пулҳои кишварҳои пешрафта қарор гирифт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

“Giesecke+Devrient”: “Сомонӣ” аз ҷиҳати бехатарӣ дар қатори пулҳои кишварҳои пешрафта қарор гирифт
Акс: Интернет

“Giesecke+Devrient”: “Сомонӣ” аз ҷиҳати бехатарӣ дар қатори пулҳои кишварҳои пешрафта қарор гирифт

Нашр шуд

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло зимни вохӯрӣ бо ноиби кулли Президенти ширкати “Giesecke+Devrient” ҷаноби Вернер Рейш ва ноиби Президенти ширкат оид ба фурӯши банкнотаҳо ҷаноби Аркадий Ноткин дар атрофи масъалаи баровардани пулҳои қоғазӣ ва дигар маҳсулоти бозори молиявӣ мубодилаи афкор намуд.

Ба иттилои котиботи БМТ, дар ҷараёни вохӯрӣ, Ҳоким Ҳикматулло таъкид дошт, ки дар самти тақвияти унсурҳои ҳимоявии пулҳои қоғазии “Сомонӣ” ва таъмини бехатарии он Бонки миллӣ дар ҳамдастӣ бо ширкати “Giesecke+Devrient” кӯшиши зиёд ба харҷ додаанд.

“Баъд аз ворид намудани унсурҳои нави ҳимоявӣ аз қабили “Тасмачаи голографӣ”, “Дизайни ҳимоявии лазерӣ”, “Нишони Бонки миллии Тоҷикистон” ва “Нишони обӣ” пули коғазии “Сомонӣ” аз ҷиҳати бехатарӣ ба қатори пулҳои дигар мамлакатҳои пешрафта дохил шуд”,-шарҳ доданд намояндагони ширкати “Giesecke+Devrient”.

Лозим ба ёдоварист, ки ширкати олмонии “Giesecke+Devrient” яке аз ширкатҳои дар сатҳи ҷаҳон эътирофшудаю пешқадам оид ба истеҳсоли таҷҳизот барои бароришу коркарди пулҳои коғазӣ ва коғазҳои қиматнок буда, бонкҳои марказӣ ва ташкилотҳои қарзии тиҷоратии беш аз 70 давлати дунё аз хизматрасонии он дар самти барорвардани пулҳои коғазӣ, такмили унсурҳои ҳимоявии пул ва бунёди хазинаҳои муосири марказӣ истифода мекунанд. Ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо ширкати “Giesecke+Devrient” соли 1999 бо имзои шартномаи чопкунии пули коғазии миллии “Сомонӣ” шурӯъ гардида, Бонки миллии Тоҷикистон беш аз 22 сол пулҳои коғазиро дар ширкати “Giesecke+Devrient” чоп мекунад.



Довталабони ниқобпӯш: ММТ хабар медиҳад, ки аз имрӯз имтиҳонсупорӣ шурӯъ шу


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед