Ru  | Tj
Гуфтугӯи телефонии вазирони хориҷии Тоҷикистону Туркия: Баррасии ҳамкорӣ ва таваҷҷӯҳ ба вазъи Афғонистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Гуфтугӯи телефонии вазирони хориҷии Тоҷикистону Туркия: Баррасии ҳамкорӣ ва таваҷҷӯҳ ба вазъи Афғонистон
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гуфтугӯи телефонии вазирони хориҷии Тоҷикистону Туркия: Баррасии ҳамкорӣ ва таваҷҷӯҳ ба вазъи Афғонистон

Нашр шуд

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркия зимни як гуфтугӯи телефонӣ чанде аз масоили марбут ба ҳамкории ду кишварро баррасӣ карданд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, ин тамоси телефонӣ бо ташаббуси Туркия сурат гирифтааст ва Сироҷиддин Муҳриддину Мавлуд Човушоғлу дар ҷараёни он вазъи кунунӣ ва дурнамои тавсеаи муносиботи ду кишварро баррасӣ кардаанд.

Манбаъ мегӯяд, вазирони тоҷику турк ба авзои Афғонистон ва ҳамкориҳои Душанбеву Истанбул дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавиву байналмилалӣ низ таваҷҷӯҳ кардаанд.

Муҳриддин ва Човушоғлу ҳамчунин ба тавсеаи равобит дар заминаҳои сиёсат, тиҷорат, иқтисод, фарҳангу гардишгарӣ ва ҳамкорӣ дар бахши маориф ибрози алоқамандӣ зоҳир намудаанд.

Тоҷикистон бо Туркия равобити хуби дуҷониба дорад. Хулусӣ Акар, вазири мудофиаи Туркия моҳи гузашта Тоҷикистонро “шарики муҳимми Туркия дар минтақаи Осиёи Марказӣ” хонда буд. Интизор меравад, ки ба наздикӣ Президенти ин кишвар Раҷаб Таййиб Эрдуғон бо як сафари расмӣ ба Душанбе биёяд.

Гуфтугуи телефонии ВКХ-и Тоҷикистон ва Қирғизистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед