Ru  | Tj
Гулов ва Акар ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар заминаи дифоъро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Гулов ва Акар ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар заминаи дифоъро баррасӣ карданд
Акс: Sputnik

Гулов ва Акар ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар заминаи дифоъро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Сафири Тоҷикистон дар Анқара бо Вазири дифои миллии Ҷумҳурии Туркия мулоқот ва масоили марбут ба равобити ду кишвар дар ҳавзаи мудофиаро баррасӣ намуд. 

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, Ашрафҷон Гулов дирӯз дар Анқара бо Хулусӣ Акар, Вазири дифои миллии Туркия дидору гуфтугӯ анҷом дод. 

Гуфта мешавад, дар ин мулоқот тарафҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамориҳои Тоҷикистону Туркия дар заминаи мудофиаро мавриди баррасӣ қарор додаанд. 

Манбаъ дар бобати ҷузъиёти гуфтугӯи Гулов ва Акар маълумоти бештар надода, танҳо афзудааст, ки баррассии вазъи минтақа ва ҷаҳон аз дигар меҳварҳои ин мулоқот будааст. 

Бояд гуфт, ки Тоҷикистону Туркия равобити хуби дуҷониба доранд ва то имрӯз миёни ду кишвар беш аз 65 созишномаю тавофуқномаҳо ба имзо расидааст. 

Тобистони соли гузашта  Хулусӣ Акар, вазири дифои Туркия ба Душанбе омада буд ва  пас аз мулоқоташ бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон гуфт, ки “мо Тоҷикистонро шарики муҳимми худ дар минтақаи Осиёи Марказӣ меҳисобем”.

Қаблан мақомоти расмии ду кишвар гуфта буданд, ки нақша доранд, дар солҳои наздик бо роҳандозӣ намудани ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисод ҳаҷми муомилоти молии дуҷонибаро ба 1 миллиард доллар расонанд.


Дурнамои равобити тиҷоратии Эрону Тоҷикистон. “Ҳаҷми табодули молии дуҷониба то 500 миллион евро афзоиш меёбад”




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед