Ru  | Tj
Гулсифат Шаҳидӣ барандаи ҷоизаи “Авруосиё” шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Гулсифат Шаҳидӣ барандаи ҷоизаи “Авруосиё” шуд
Акс: Sputnik

Гулсифат Шаҳидӣ барандаи ҷоизаи “Авруосиё” шуд

Нашр шуд

Ба иттилои "Азия-плюс", аз 15-ум то 19-уми декабр дар Ӯзбекистон даҳумин фестивали "Open Eurasian Literary Festival & Book Forum (OEBF)" баргузор гардид, ки дар доираи он нависандаи тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ ҷоизаи Авруосиё ба номи Хоҷа Насриддинро барои беҳтарин асари ҳаҷвӣ соҳиб гардидааст.

Ба таъкиди манбаъ, ҷоиза  ба нависандаи тоҷик барои асари ҳаҷвиаш -"Фарход аз Навғилем" дода шудааст.

Қайд мегардад, ки асари мазкур яке аз навгониҳои адабии фестивал маҳсуб ёфта, он ба забони англисӣ ("Farkhod from Navghilem")  низ тарҷума гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ҷашнвора аз ҷониби Гилдияи Эҷодии Авруосиё (Лондон) дар ҳамкорӣ бо нашриёти бритониёии Hertfordshire Press роҳандозӣ гардида,  нависандагон, шоирон, рассомон ва дигар намояндагони равияҳои гуногуни ҳунарро (дар маҷмӯъ 130 муаллиф аз 15 кишвари ҷаҳон) гирди ҳам овардааст.

Гулсифат Шаҳидӣ айни ҳол дар шаҳри Маскав ва Лондон ба фаъолияти эҷодӣ машғул аст.

Шаҳидӣ рӯзноманигор, адабиётшинос ва насрнавис буда, асарҳояш дар Лондон, Маскав, Душанбе, Тел-Авив ва дигар шаҳрҳои олам рӯнамоӣ шудааст. Мавсуф, инчунин узви Гилдияи эҷодии Авруосиё мебошад.


Манучеҳр ва Лайло. ФФТ беҳтаринҳои футболи Тоҷикистон дар соли 2021-умро эълон кард




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед