Ru  | Tj
Гурӯҳи ДИИШ* масъулияти тирандозии сокинони Дойкундиро бар уҳда гирифт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Гурӯҳи ДИИШ* масъулияти тирандозии сокинони Дойкундиро бар уҳда гирифт
Акс: аз манбаъҳои боз

Гурӯҳи ДИИШ* масъулияти тирандозии сокинони Дойкундиро бар уҳда гирифт

Нашр шуд

Шохаи Хуросони гурӯҳи терористии ДИИШ* масъулияти тирандозӣ ба шаҳрвандони ҳазора дар минтақаи марзии Дойкундӣ ва Ғур дар маркази Афғонистонро бар уҳда гирифтааст.

Ин гурӯҳи даҳшатафкан дар хабарномаи худ гуфтааст, ки дар ин ҳамла 15 нафар кушта ва шаш тани дигар захмӣ шудаанд, иттилоъ дод сомонаи etilaatroz.com.

Манобеъ дар Дойкундӣ марги 14 нафарро тасдиқ мекунанд. Ба гуфтаи манобеъ, ҳамаи қурбониён мардонанд.

Дар феҳрасти нашршудаи ҳуввияти қурбониёни ин ҳодиса шумори захмиён чаҳор нафар гуфта мешавад, аммо манобеъ мегӯянд, ки шумори захмиён бештар аст. Ба гуфтаи манобеъ, вазъи бархе аз захмиён вазнин арзёбӣ мешавад.

Хамаи қурбониён сокинони маҳаллаи "Қурюдол"-и ноҳияи Сангтахт ва Бандари Дойкундӣ мебошанд.

Онҳо субҳи рӯзи 12 сентябр ба минтақаи марзии Дойкундӣ ва Ғур рафта буданд, то зоирони Карбалоро истиқбол кунанд.
 
Ба гуфтаи шоҳидон, муҳоҷимон чаҳор нафари мусаллаҳ дар ду мототсикл савор буданд.

Мақомоти маҳаллии Толибон* дар Ғур ва Дойкундӣ дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Пеш аз ин ДИИШ* масъулияти ҳамлаи ахири интиҳорӣ дар Кобулро бар ӯҳда гирифт.

Ин ҳамла дар назди бинои Додситонии кулли Афғонистон рух дода буд.

Бар асоси омори фармондеҳии амниятии Толибон* дар Кобул, дар ин ҳамла дасти кам шаш нафар кушта ва 13 тани дигар захмӣ шудаанд. Аммо бархе аз расонаҳо теъдоди кушташудагонро 16 нафар хабар додаанд.

Ин дар ҳолест, ки Толибон* борҳо иддао кардаанд, ки гурӯҳи терористии ДИИШ*-ро саркӯб кардаанд ва ин гурӯҳ дар Афғонистон ҳузур надоранд.


  *-созмонҳои террористии мамнуъ дар Тоҷикистон.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед