Ru  | Tj
Гурӯҳи кории СПАД барои назорати марз ба Тоҷикистон омад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Гурӯҳи кории СПАД барои назорати марз ба Тоҷикистон омад
Акс: Интернет

Гурӯҳи кории СПАД барои назорати марз ба Тоҷикистон омад

Нашр шуд

Сардори Ситоди муштараки Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ  генерал-полковник Анатолий Сидиров барои баҳогузории вазъ дар марзи Афғонистон бо як гурӯҳи корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад.

Дар ин бора “Известия” хабар дод. Дар назар аст, ки ин гурӯҳ аз минтақаҳои ҷанубии Тоҷикистон боздид намуда, ҳамчунин бо роҳбарияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милии кишвар ва дигар ниҳодҳои дахлдор мулоқот мекунад.  

“Ҳадафи аслии гурӯҳи корӣ аз назорати вазъ дар минтақаи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон ва дар чаҳорчӯбаи СПАД омода кардани пешниҳодҳо ҷиҳати пешбинии чораҳои муштарак мебошад”,- шарҳ медиҳад Сидиров.

Қаблан Станислав Зас, Дабири кулли СПАД дар пайи ноором шудани вазъ дар манотиқи ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон ба Душанбе омада бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ карда буд.  Ин созмон ҳамчунин гуфта буд, ки дар сурати дархост шудан, ба Тоҷикистон тамоми кумакҳои заруриро, ки дар шартномаи паймони дастаҷамъӣ ва Оинномаи СПАД пешбинӣ шудаанд, ироа хоҳад кард.




Сӯҳбати Раҳмону Путин ва изҳори омодагии Русия барои расонидани кӯмакҳои лозим ба Тоҷикистон

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед