Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Бохтар вохӯрданд
Нашр шуд
Мулоқоти гурӯҳҳои корӣ аз 28-уми март то 2-юми апрел ба вуқӯъ пайвастааст.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар вохӯрӣ корҳои аломатгузорӣ муҳокима гардида, пешниҳодоти мувофиқашуда оид ба хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон омода карда шуданд.
Ёдрас мешавем, ки моҳи феврали соли равон дар робита ба масъалаи мазкур вохӯрии якчандрӯза доир гардида, дар анҷоми муҳокимаи онвақта низ протоколи дахлдор ба тасвиб расида буд.
Ҳамчунин, чанде қабл Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон гуфта буд, ки аз 1326 километр марз бо Ӯзбекистон аллакай 1319 километраш пурра муайян гардидааст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед