Ru  | Tj
Гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам вомехӯранд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам вомехӯранд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам вомехӯранд

Нашр шуд

Мулоқоти ҳайати топографии ду кишвар ҳафтаи оянда дар Қирғизистон баргузор хоҳад шуд.

Тавре «24kg» иттилоъ медиҳад, аз 10-ум то 15-уми феврал ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии  Қирғизистон ва Тоҷикистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишвар  баргузор мешавад.
Зимнан, қайд гардидааст, ки дар муайянсозии сарҳад санадҳои солҳои 1924-1927 ва 1989  истифода хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст, Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон чанде қабл эълом дошта буд, ки аз 1-уми майи соли 2021 Тоҷикистон ва Қирғизистон 8 ҷаласаи комиссияи топографиро барои дақиқ кардани марз баргузор намуда, бо баъзе сабабҳо аз моҳи октябри соли 2021 кори комиссия ба мавқуф гузошта шуд.

Ёдрас мешавем, ки сарҳади муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон 980 километрро ташкил медиҳад ва то имрӯз наздики 520 километри он аломатгузорӣ шудаасту халос.

Вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Русия бо роҳбари СААД



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед