Ru  | Tj
Гурӯҳҳои сайёр ба сокинон маслиҳат медиҳанд, ки ваксина гиранд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Гурӯҳҳои сайёр ба сокинон маслиҳат медиҳанд, ки ваксина гиранд
Акс: Pressa.tj

Гурӯҳҳои сайёр ба сокинон маслиҳат медиҳанд, ки ваксина гиранд

Нашр шуд

Бо дастури Рустами Эмомалӣ, Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахти кишвар гурӯҳҳои сайёр ба сокинон аҳамияти ваксинаи зидди COVID -19 - ро мефаҳмонанд.

Бо дастуру супоришҳои Шаҳрдори Душанбе ва Ситоди шаҳрии пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар чор ноҳияи пойтахти кишвар гурӯҳҳои махсуси корӣ таъсис ёфтаанд, ки ба ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маконҳои серодам рафта, роҳҳои пешгирӣ аз гирифтор шудан ба COVID-19- ро ба сокинон мефаҳмонанд, - хабар додааст “Ховар”.

Манбаъ гуфтааст, аз ҷониби ин гурӯҳҳо ҳамчунин ба сокинон маслиҳат дода мешавад, то бепарво набошанд ва ба марказҳои саломатии маҳали хеш муроҷиат карда, ваксина гиранд.

Аз ҷумла дирӯз дар Марказҳои савдои “Ганҷина” ва “Панҷшер” ва кӯчаву хиёбонҳои Фирдавсӣ ва Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе гурӯҳҳои сайёр бо сокинону меҳмонони пойтахт мулоқот кардаву ба онҳо тавсия додаанд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам ҳатман аз ниқоб истифода бурда, қоидаҳои беҳдоштро риоя намоянд.

Бояд гуфт, ки то кунун ба Тоҷикистон ҳудуди 492 ҳазор воя ваксинаи "АстраЗенека" ва "КоронаВак" ворид шудааст. Қаблан Наврӯз Ҷафаров, як масъули Вазорати тандурустӣ хабар дода буд, ки бастаи навбатии ваксинаи "АстраЗенека" дар нимаи дувуми моҳи август ба Тоҷикистон ворид карда мешавад.

Дар Тоҷикистон беш аз 205 ҳазор зидди COVID-19 ваксина гирифтаанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед