Ru  | Tj
Гуштингири тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон сазовори медали нуқра гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Гуштингири тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон сазовори медали нуқра гардид
Акс: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Гуштингири тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон сазовори медали нуқра гардид

Нашр шуд

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон, ки дар шаҳри Пловдиви Булғористон идома дорад, медали нуқра ба даст овард.
Тавре Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар рӯзи дуюми нерусанҷиҳо Ҷамшед Мақсудов дар вазни 70кг-и гурӯҳи «D» мақоми дувумро соҳиб гардид. Рақобатҳои ин вазн нахуст ба таври даврӣ сурат гирифта, Ҷамшед дар даври аввал аз Шамше Тлашадзеи гурҷистонӣ мағлуб шуда, дар ду даври дигар бар Гунар Спрунк (Олмон) ва Ивайло Саров (Булғория) пирӯз гардид ва ба нимфинал баромад.
Дар нимфинал варзишгари Тоҷикистон муқобили намояндаи Узбекистон Убайдулло Эргашев дастболо шуд ва дар финал боз ҳам бо варзишгари Гурҷистон Шамше Тлашадзе вориди сабқат шуда шикаст хӯрд.
Қобили зикр аст, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон 4 октябр оғоз гардида, то 9 октябр идома мекунад.
Дар ин мусобиқа ҳудуди 300 варзишгар аз 40 давлати ҷаҳон дар 5 гурӯҳ вобаста ба синну сол (дар ҳар гурӯҳ 6 вазн) иштирок доранд. Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур ду нафар – бародарон Ҷамшед ва Зайниддин Мақсудовҳо намояндагӣ доранд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед