Ru  | Tj
Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Корея: Лим Ҷае Ҳён ба Тоҷикистон меояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Корея: Лим Ҷае Ҳён ба Тоҷикистон меояд
Акс: Интернет

Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Корея: Лим Ҷае Ҳён ба Тоҷикистон меояд

Нашр шуд

Дар назар аст, ки нимаи дуюми моҳи сентябр Сардори Хадамоти гумруки Корея Лим Ҷае Ҳён бо сафари   расмӣ  бо ҳайати гумрукчиёни ин кишвар ба Тоҷикистон биояд. Дар ин бора дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар додааст.

Ҳадафи сафари  Сардори  Хадамоти гумруки Корея ба Тоҷикистон таҳкими  ҳамкории гумрукӣ бо мақомоти гумруки Тоҷикистон арзёбӣ гардидааст.

Иттилоъ медиҳанд, ки зимни сафар Сардори Хадамоти гумруки Корея Лим Ҷае Ҳён зимни сафар ба Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи «Низоми идораи таваккал» ва ҳамоиши ҳамкории гумрукии Тоҷикистон ва Корея иштирок намояд. Инчунин аз терминали «Дӯстӣ», воқеъ дар шаҳри Турсунзода  ва дидбонгоҳи гумрукии «Терминал»-и Душанбе  боздид намуда, бо ҷараёни кори низоми идораи таваккал  дар «Терминал»-и Душанбе аз наздик  шинос шавад.

Ҳамзамон ҳайати  гумрукчиёни Корея ба шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода рафта, аз ёдгории таърихии Қалъаи Ҳисор, мавзеи истироҳатии «Шаршара»-и шаҳри Ҳисор ва ангурбоғҳои шаҳри Турсунзода  боздид менамоянд.




Коркарди 7200 тонна алюминий дар сол. Дар Турсунзода боз як корхонаи азим оғоз ба кор кард

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед