Ru  | Tj
Гуттериш: Тоҷикистон ҷонибдори ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Гуттериш: Тоҷикистон ҷонибдори ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ аст
Акс: Интернет

Гуттериш: Тоҷикистон ҷонибдори ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ аст

Нашр шуд

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки Тоҷикистон кишвари ҷонибдори ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ мебошад.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат,   Эмомалӣ Раҳмон ва Антониу Гутерреш ба муносибати 30-юмин солгарди ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид пазируфта  шудани Тоҷикистон табодули паëмҳои табрик карданд.

Гуттериш дар паëми хеш бо  ситоиш аз фаъолияти Созмони милал гуфтааст, ки давоми се даҳсолаи охир ин  созмон дар роҳи таъмини сулҳу субот ва пешрафти иҷтимоӣ дар минтақа ва тамоми ҷаҳон шарикии боз ҳам зичтар барқарор кардааст. 

Вай афзудааст, ки Тоҷикистон кишварест, ки  аз  низоми бисёрҷониба, пешбурди Ҳадафҳои Рушди Устувор ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ ҳамеша ҷонибдорӣ мекунад.

Дабири кулли Созмони милал хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон зикр намуда, ки итминон дорад, дар даврони барқароршавии пас аз ҳамагирии COVID-19,  дар якҷоягӣ метавонанд ба сӯи ҷомеаҳои боз ҳам устувор ва одилона раҳсипор гарданд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки Тоҷикистон саҳми арзандаи Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои сохтории онро дар умури байналмилалӣ, бахусус истиқрори сулҳу субот дар кишвар баланд арзёбӣ менамояд.

Раҳмон баëн дошта, ки Тоҷикистон аз ҳамкориҳои судманд бо Созмони Милали Муттаҳид ва дастрасӣ ба минбари ин ниҳоди бонуфузи ҷаҳонӣ ҷиҳати муаррифии ташаббусҳои созанда ва дарёфти ҳадафҳои ҷаҳонии худ изҳори қаноатмандӣ мекунад.

Сарвари давлат ҳамчунин гуфтааст, ки Тоҷикистон омода аст, то ҳамкориҳо бо Созмони милалро идома бахшад ва дар амри рафъи хатару таҳдидҳои муосир ва таъмини арзишҳои волои инсоният саҳми босазо дошта бошад.

Бояд гуфт, ки то имрӯз Созмони Милали Муттаҳид чандин ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши обро дастгирӣ кардааст. Ахиран Тоҷикистон бо назардошти обшавии босуръати пиряхҳо дар саросари ҷаҳон бар асари гармшавии иқлим пешниҳод карда буд, ки сол 2025 "Соли ҳифзи пиряхҳо" эълон шавад.



Зулмай Халилзод: “Ҳукумати собиқи Афғонистон, мардум ва артиши он метавонистанд мисли Украина бар Толибон муқовимат кунанд”




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед