Ru  | Tj
Гузашти низомӣ дар Дарвоз. Президент хост низомиён ба савганди ҳарбӣ содиқ бимонанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Гузашти низомӣ дар Дарвоз. Президент хост низомиён ба савганди ҳарбӣ содиқ бимонанд
Акс: Badakhshon.tj

Гузашти низомӣ дар Дарвоз. Президент хост низомиён ба савганди ҳарбӣ содиқ бимонанд

Нашр шуд

Дар Дарвоз бо ширкати ду ҳазор сарбозу афсар ва 50 техникаву дигар муҳимоти ҷангӣ гузашти низомӣ баргузор гардид.

Ба иттилои Дафтари матбуоти Президент,  Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории хеш дар ноҳияи Дарвоз 27-уми сентябр дар гузашти низомие бо иштироки беш аз 2 ҳазор сарбоз ва 50 техникаву дигар муҳимоти ҷангӣ ширкат ва суханронӣ намуд.

Гуфта мешавад, дар ин гузашти низомӣ афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ, хидматчиёни ҳарбии дигар навъи қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳузур доштаанд.

Эмомалӣ Раҳмон сарбозони Ватанро ба ҷашни истиқлол табрик гуфтаву ба саҳми онҳо дар таъмини сулҳу суботи сартосарӣ таъкид намудааст.

Раҳмон аз низомиёни кишвар ва кормандони мақомоти қудративу интизомӣ даъват ба амал овард, ки дар хидмати халқу Ватан бошанд ва ба савганди ҳарбӣ содиқ бимонанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар рӯзҳои таҷлил аз истиқлоли давлатӣ бо сафари корӣ ба манотиқи кишвар меравад ва бо мардум суҳбат меорояду дар маросими ифтитоҳи иншооти мухталиф ширкат мекунад.

Ҳафтаи гузашта Президенти Тоҷикистон бо ҳамин гуна сафарҳои корӣ аз минтақаи Рашт ва чанд навоҳии вилояти Хатлон низ дидан карда буд.

Баргузор гардидани гузашти низомӣ дар ноҳияи Дарвоз дар ҳолест, ки ахиран Толибон* (* - созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо) эълон намуданд, ки ҳазорон сарбози нерӯҳои махсуси худ – “Артиши Мансурӣ”-ро ба вилояти Тахори Афғонистон, ки дар наздикии марз бо Тоҷикистон аст, фиристодаанд.

Низомиёни Русия ва Тоҷикистон ба тамринҳои муштарак омодагӣ мебинанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед