Ru  | Tj
Иқдоми ҷолиби Ҳусния. Муарифии китобҳои вахиву шуғнонӣ дар Ню-Йорк

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Иқдоми ҷолиби Ҳусния. Муарифии китобҳои вахиву шуғнонӣ дар Ню-Йорк
Акс: Интернет

Иқдоми ҷолиби Ҳусния. Муарифии китобҳои вахиву шуғнонӣ дар Ню-Йорк

Нашр шуд

Муҳаққиқи ҷавони тоҷик Ҳусния Хуҷамёрова дар шаҳри Ню-Йорки Амрико ду китоби нави ба забонҳои помирӣ нашрнамудаашро муаррифӣ кард.

Ба иттилои "Озодӣ", китобҳои "Pomir Zhindaish" ва "Pomeri Sogen" натиҷаи таҳқиқоти даҳсолаи Ҳусния дар омӯзиши панҷ забони помирӣ - вахӣ, шуғнӣ, бартангӣ, рушонӣ ва ишкошимӣ мебошанд.

Гуфта мешавад, китобҳои чопшуда аз маҷмӯи афсонаҳои бачагона ба забони вахӣ ва шуғнонӣ иборат буда, дар идома тарҷумаи онҳо ба забони русиву англисӣ ҳам оварда шудаанд.

"Қабл аз ҳама, ҳадаф аз навиштани ин китобҳо ҳифзи забонҳои помирӣ аст. Чун шакли хатии ин забонҳо нест ва онҳо дар мактабҳо таълим дода намешаванд, хатари аз байн рафтанашон вуҷуд дорад", - шарҳ додааст мақсади худро аз чопи ин китобҳо Хуҷамёрова.

Илова бар ин, китобҳо бо ҳарфҳои кириллӣ ва лотинӣ иншо шудаанд ва дар ояндаи наздик нусхаи электронии онҳо дар вебсайти Amazon дастрас мешавад.

Ҳусния интизори он аст, ки китобҳояш ба воситаи пойгоҳҳои китобфурӯшии интернетӣ ба бозори байналмиллалӣ бароварда мешаванд ва соҳибони забони помирӣ дар Тоҷикистон, Покистон, Чин ва Афғонистон метавонанд аз он истифода намоянд.

Ҳусния Хуҷамёрова Давлатёровна зодаи ноҳияи Мурғоби ВМКБ буда, соли 2010 пас аз хатми Донишгоҳи забонҳо бо нияти таҳсил ба ИМА сафар кардааст. Аз соли 2011 инҷониб дар Endangered Languages Alliance ба ҳайси муҳаққиқи забонҳои помирӣ фаъолият дорад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед