Ru  | Tj
Иҷлосияи СААД: Барои тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон Барномаи байнидавлатӣ қабул мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Иҷлосияи СААД:  Барои тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон Барномаи байнидавлатӣ қабул мешавад
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Иҷлосияи СААД: Барои тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон Барномаи байнидавлатӣ қабул мешавад

Нашр шуд

Дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД таъкид шуд, ки низоми сиёсии Афғонистон бояд ба озодона амалӣ гардидани иродаи тамоми халқҳои ин кишвар асос ёбад.

Дафтари матбуоти Сарвари давлат хабар дод, ки имрӯз таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД дар шакли маҷозӣ баргузор гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин ҷаласаи маҷозӣ Президенти Тоҷиикстон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Дабири кулли СААД Станислав Зас иштирок ва перомуни вазъ дар Афғонистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви СААД табодули ҳамаҷонибаи афкор намуданд.

Иброз гардид, ки низоми сиёсии Афғонистон бояд ба озодона амалӣ гардидани иродаи тамоми халқҳои ин кишвар асос ёбад.

Ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба ҳузури афзояндаи ҷангҷӯёни созмонҳои байналмилалии террористӣ дар Афғонистон кишварҳои узви созмон паймон бастанд, ки барои рушди ҳамкорӣ дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳое, ки аз қаламрави Афғонистон сар мезананд, кӯшишҳои бештар ба харҷ медиҳанд.

Манбаъ мегӯяд, аъзои Шӯро инчунин барои тезонидани раванди қабули Барномаи мақсадноки байнидавлатӣ оид ба таҳкими бахшҳои сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон ба тавофуқ расиданд.

Дар ин иҷлосия ба ҳайси роҳбари давлати даъватшуда Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ ширкат намуд.

Бояд гуфт, ки имсол Тоҷикистон раёсати давраии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро ба уҳда дорад. Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узви СААД ҳастанд. Рӯзҳои 15-16-уми сентябри соли равон дар Душанбе иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад.



Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед