Ru  | Tj
Иқтисоди Тоҷикистон дар нимсолаи аввал беш аз 8% рушд кардааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Иқтисоди Тоҷикистон дар нимсолаи аввал беш аз 8% рушд кардааст
Акс: Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Иқтисоди Тоҷикистон дар нимсолаи аввал беш аз 8% рушд кардааст

Нашр шуд

Дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон таҳти раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуд, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ тамоюли мусбати рушди иқтисоди миллӣ ҳифз шудааст.

Рӯзи 29 июл таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон маҷлиси ҳукумати ин кишвар баргузор шуда, зимни он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо дар нимаи дуюми сол баррасӣ шуд.

Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои ин манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли ҷорӣ гуфт, ки дар ин муддат суръати рушди иқтисоди ин кишвар дар сатҳи 8,2 дарсад таъмин шуда, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 61,7 млрд сомонӣ баробар шуд.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, рушди иқтисоди миллӣ Тоҷикистон асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 11,5, кишоварзӣ 9,6, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 15,7, гардиши савдо 11,9, хизматрасонии пулакӣ 16,6, боркашонӣ 13,8, мусофиркашонӣ 9 ва гардиши савдои хориҷӣ 29,3, аз ҷумла содирот 47,1 дарсад таъмин гардид.

Дар идома раҳбари Тоҷикистон таъкид намуд, ки сатҳи таваррум дар ин давра 1,9 дарсадро ташкил дод.

Дар баробари ин гуфта мешавад, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар Тоҷикистон 107,9 дарсад иҷро шуда, ба буҷет 21,2 млрд сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 1,5 млрд сомонӣ зиёд аст.

Ҳамзамон дар ин ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон вазорату идораҳо ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ супориш гирифтанд, ки бо дарназардошти таҳаввулот дар иқтисоди ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои берунӣ, бахусус шиддат ёфтани бархӯрдҳои геосиёсӣ, таҳримҳо, низоъҳои тиҷоратӣ, инчунин пайомадҳои тағйирёбии иқлим фаъолиятро дар самти татбиқи муассири ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ тақвият диҳанд.

Даи идома Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои давлатиро вазифадор намуд, ки ҷиҳати таъмини минбаъдаи рушди устувории иқтисоди миллӣ, ҷалби бештари сармоя, бахусус сармояи мустақими хориҷиро вусъат бахшида, бо мақсади таъмини суръати рушди иқтисодӣ ба андозаи на кам аз 8 дарсад ва устувории макроиқтисодӣ корҳоро тақвият бахшанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед