Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 8,4 дарсад рушд кардааст
Нашр шуд
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон 58 дарсад зиёд шуд.
Рӯзи 31 октябр таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ҷаласаи ҳукумати ин кишвар баргузор шуда, зимни он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ баррасӣ шуданд. Дар ин бора хадамоти матбуотии раҳбари Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои ин манбаъ, дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ суръати рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин кишвар ба 8,4 расид.
Дар идома зикр мешавад, ки дар ин муддат дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 15% , кишоварзӣ зиёда аз 11%, хизматрасонии пулакӣ 16%, боркашонӣ 15% афзоиш ёфта, сатҳи таваррум 3 дарсадро ташкил дод.
Дар баробари ин таъкид гардид, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар Тоҷикистон 105,4 дарсад иҷро гардида, ба буҷет дар маҷмӯъ, 33,3 миллиард сомонӣ ворид шудааст.
Аз сӯи дигар Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон 334 миллион доллар сармояи мустақими хориҷӣ ворид шуд, ки он нисбат ба соли гузашта 58 дарсад зиёд аст.
Ҳамчунин дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи буҷети соли оянда муаррифӣ шуд, ки тибқи он даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2025 дар ҳаҷми 49,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети соли ҷорӣ 6,6 миллиард сомонӣ ё 15,4 дарсад зиёд мебошад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед