Ru  | Tj
Идизода ва ал-Решайдон ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистону Саудиро баррасӣ намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Идизода ва ал-Решайдон ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистону Саудиро баррасӣ намуданд
Акс: Интернет

Идизода ва ал-Решайдон ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистону Саудиро баррасӣ намуданд

Нашр шуд

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон гуфт, ки ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ тавсеа меёбанд ва ба рушди равобити ду кишвар замина мегузоранд.

Ба иттилои котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, рӯзи 1-уми сентябр Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода бо Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ал-Решайдон мулоқот кард.

Дар ин дидор тарафҳо масоили марбут ба ҳамкориҳои парлумонии ду кишвар ва рушди муносиботи мутақобилан судмандро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Манбаъ меафзояд, Файзалӣ Идизода дар ин мулоқот бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи рушди ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистону Саудӣ гуфтааст, ки табодул ва ҳамоҳангсозии афкор дар раванди қонунгузорӣ ба рушди робитаҳо сабаб мегардад.

Идизода ҳамчунин зикр намудааст, ки «Мо аз сатҳ ва мундариҷаи муносибатҳои дуҷониба бо Арабистони Саудӣ қаноатмандем ва баҳри таҳкиму густариши бештари муносибатҳои ҳамкорӣ изҳори омодагӣ менамоем».

Тарафҳо Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникии Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро механизми муҳимми рушди ҳамкорӣ миёни ду мамлакат унвон кардаанд.

Рушайдон иброз доштааст, ки ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар сатҳи олӣ ва тақвияти муносиботи дуҷониба бо Тоҷикистон дар тамоми бахшҳо аз ҳама имконот ва донишу маҳорат истифода менамояд.

Ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ яке аз абзорҳои муҳимми муносибатҳои ду кишвар маҳсуб мешавад ва дар ин замина 24-26-уми майи соли 2016 Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ намуда буд.

Ҷаласаи якуми Комиссия 28-29-уми августи соли 2013 дар Душанбе баргузор шуда буд.  Инчунин моҳи апрели соли 2018 иҷлоси дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар Риёз ва дар ҳошияи он ду форуми соҳибкорӣ дар шаҳрҳои Риёз ва Ҷидда баргузор гардида буд.


Тоҷикистону Фаластин мубориза бо фасоди молиро тақвият мебахшанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед