Ru  | Tj
Идомаи сафари Президент дар Аврупо. Раҳмон аз Брюссел ба Париж рафт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Идомаи сафари Президент дар Аврупо. Раҳмон аз Брюссел ба Париж рафт
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Идомаи сафари Президент дар Аврупо. Раҳмон аз Брюссел ба Париж рафт

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми боздидаш дар Брюссел барои анҷоми як сафари расмӣ озими Париж, пойтахти Фаронса шуд.

Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ додааст, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Париж сафари расмӣ буда, аз 12-ум то 14-уми октябр идома пайдо мекунад.

Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни ин сафар Президенти Тоҷикистон бо ҳамтои фаронсавии худ Эммануел Макрон мулоқот хоҳад намуд ва тарафҳо масоили гуногун, аз ҷумла вазъи Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар баробари дидорҳои расмӣ Раҳмон дар Париж ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи намоиши мусаввараҳои таърихӣ ба унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” ва дар чорабиние ба муносибати Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар дафтари ЮНЕСКО иштирок хоҳад намуд.

Намоиши мусаввараҳо аз таърихи Тоҷикистон дар осорхонаи ҳунарҳои осиёии “Гиме”-и Париж баргузор мешавад.

Қаблан Вазорати фарҳанг гуфта буд, ки ин намоиш аз 13-уми октябри соли 2021 то 10-уми январи соли 2022 фаъол хоҳад буд.

Гуфта мешавад, барои намоиши мазкур аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон ҳамагӣ 211 адад нигораҳо ба Париж бурда шудаанд ва ба воситаи онҳо мардуми Фаронса бо тамоми зебоиҳои табиӣ ва таърихи беҳамтои халқи тоҷик шинос мешаванд.

Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон: аз муроҷиати Президент ба мардум то баррасии ҳолати иқтисод ва ҳисоботи аъзоёни Ҳукумат


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед