Ru  | Tj
Идомаи таъиноти кадрӣ дар Тоҷикистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Идомаи таъиноти кадрӣ дар Тоҷикистон
Фото: Shutterstock

Идомаи таъиноти кадрӣ дар Тоҷикистон

Нашр шуд

Тули ду рӯзи охир дар Тоҷикистон боз як қатор таъинотҳо дар ҳукумату шаҳру ноҳияҳо ба миён омаданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд бо қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз вазифааш барканор шуд. Ба ҷойи Муҳаммадзода Маъруф собиқ раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзодаи 36 сола таъин шуд.
Раисии шаҳри Гулистонро бошад Бахтиёр Маҷиди ба уҳда гирифт.

Амирхон Қурбонзода бо сабаби ба вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе гузаштанаш, аз вазифаи раиси шаҳри Истаравшан сабукдош гардида, ба ҷойи ӯ Адҳам Маъмурзода муваққатан вазифаро қабул кард. Адхам Маъмурзода дар навбати худ аз вазифаи муовини раиси Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистонро тарк гуфт.

Джамшед Аҳмадзода бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи Раиси Кумитаи меъмори ва сахтмони назди ҳукумати Тоҷикистон барканор шуда, ба ҷойи ӯ собиқ муовини раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайзода таъин гардид.

Шерхон Салимзода, яке аз мансабдорони солхурда ва пуртаҷрибаи ҳукумат бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи Раиси агентии назорати маводи нашъаовари назди Президентро тарк намуд. Ба ҷойи ӯ собиқ прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидзода таъин гардид.
Ҳамзамон муовини Раиси агентии назорати маводи нашъаовари назди Президент Муртазо Ҳайдарзода аз вазифа озод карда шуд.

Инчунин як нафари дигар бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифа рафт. Хайриддин Абдураҳимов аз вазифаи Раиси Раёсати марказии ва ҳифзи сири давлатии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барканор шуда ҷойи худро ба Аҳтама Абдуллозода супурд.

Акнун вазифаи муовини раиси дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон муваққатан холист.

Эҳтимол рузҳои наздик таъинотҳои дигар низ ба вуқӯъ ояд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед