Ru  | Tj
Ифтитоҳи 200 корхона дар 9 моҳ

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ифтитоҳи 200 корхона дар 9 моҳ
Расм аз Авеста

Ифтитоҳи 200 корхона дар 9 моҳ

Нашр шуд

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҷумҳурӣ ҳамаги 106 корхона ва 87 коргоҳ мавриди ифтитоҳ қарор гирифт. 

Корхонаву коргоҳҳо ба истеҳсоли маводи ғизоӣ, маҳсулоти саноати сабук ва мошинсозӣ, масолеҳи сохтмон ва маъданҳои кӯҳӣ машғул мешаванд. Маҳсулотҳо истеҳсолшаванда асос ба содирот равона карда мешавад. 

Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда дар ин корхонаҳо ба маблағи 691 млн сомонӣ баробар шудааст, ки ба 3,3%-и Маҷмӯи маҳслуоти дохилӣ (ММД)-и кишвар баробар аст. Ба туфайли ба истифода додани иқтидорҳои нав, ҳиссаи саноат дар сохтори ММД-и кишвар то 17,9% афзуд.

Дар 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон ҳамагӣ ба маблағи умумии 21,2 млрд сомонӣ (зиёда аз 2 млрд доллар) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 10,7% ё худ беш аз 2,4 млрд сомонӣ зиёдтар мебошад.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат, дар ҷумҳурӣ наздики 2,3 корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла 694-тоашон дар вилояти Суғд, 613 - дар вилояти Хатлон, 471 - дар Душанбе, 425 - дар ноҳияҳои тобеи марказ ва 50-то дигар дар ВМКБ фаъолият дорад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед