Ru  | Tj
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Искандаров, Зарифӣ, Комилзода ва Ҳакимов расман таъйид шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Искандаров, Зарифӣ, Комилзода ва Ҳакимов расман таъйид шуд
Акс: коллаж радио "Озодӣ"

Ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Искандаров, Зарифӣ, Комилзода ва Ҳакимов расман таъйид шуд

Нашр шуд

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки парвандаи Искандаров, Зарифӣ, Комилзода ва Ҳакимов бо парвандаи собиқ вакили парлумон, Саидҷаъфар Усмонзода иртибот дорад.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон имрӯз дар нишасти матбуотӣ оғоз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ҳамрохон Зарифӣ, Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Шокирҷон Ҳакимовро тасдиқ кард.

Юсуф Раҳмон дар ин замина афзуд, ки ин афрод бо Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили порлумон, ки моҳи июни соли ҷорӣ бо иттиҳоми талош барои бо роҳи зӯр ғасб кардани қудрат боздошт шуда буд, иртиботи наздик доранд.

Ба гуфтаи Раҳмон, алайҳи афроди номбурда аз ҷониби Додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, он дар марҳилаи тафтишот қарор дорад. Додситони  кулли Тоҷикистон ба далели сирри тафтишот ва махфӣ будани парванда аз ироаи маълумоти бештар дар ин бора худдорӣ кард.

Юсуф Раҳмон дар робита ба иттиҳомот аллайҳи афроди боздоштшуда танҳо як ишора кард.

 "Касе ки ба давлат, ба миллат, ба президент хиёнат мекунад, дар назди қонун ҷавоб медиҳад, навобаста ба он ки дар чӣ вазифа кор мекунад ё чӣ вазифаро пеш ишғол карда буд", – гуфт Раҳмон.

Хотиррасон мекунем, ки Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили парлумон 12 июни соли ҷорӣ бо иттиҳоми талоши бо роҳи зӯр ғасб намудани ҳокимият боздошт шуд.

Ба думболи ин бархе расонаҳо бо такя ба манбаъҳои худ хабар доданд, ки дар доираи парвандаи Саидҷафар Усмонзода инчунин Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷӣ, Акбаршоҳ Искандаров, собиқ раиси Шӯрои Олӣ ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ҳуқуқшиноси шинохта - Шокирҷон Ҳакимов низ боздошт шудаанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед