Ru  | Tj
Ихтисоси 1 миллиард сомонӣ барои бунёди беш аз 1 ҳазор иншоот дар ВМКБ

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ихтисоси 1 миллиард сомонӣ барои бунёди беш аз 1 ҳазор иншоот дар ВМКБ
Акс: Wikimedia

Ихтисоси 1 миллиард сомонӣ барои бунёди беш аз 1 ҳазор иншоот дар ВМКБ

Нашр шуд

Тайи ду соли охир дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 200 иншооти таъйиноти гуногун сохта шуда, то соли 2026 бунёди садҳо иншооти дигар дар назар дошта шудааст.

Умедҷон Носирзода, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хабаргузории «Ховар» гуфтааст, ки танҳо дар ду соли охир бо маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳудуди ин вилоят 200 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар баробари ин ба гуфтаи Носирзода тибқи нақша ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ин вилоят беш аз 1000 иншоот бо арзиши зиёда аз 1 миллиард сомонӣ ва беш аз 100 коргоҳу корхонаи саноатӣ бунёд мешавад.

Гуфта мешавад, ки тибқи нақшаи Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ беш аз 230 иншоот, ноҳияи Дарвоз - 103 иншоот, Ванҷ - 101 иншоот, ноҳияи Рӯшон - 150 бинои замонавӣ, Шуғнон - 312 иншоот, Роштқалъа - 205 иншоот, ноҳияи Ишкошим - 104 иншооти нав ва ноҳияи Мурғоб - 83 иншоот бунёд мешаванд.

Таъкид мешавад, ки сохтмони ин иншоот барои рушди зерсохтҳои вилоят, шуғли домии аҳолӣ, паст кардани сатҳи бенавоӣ ва дар маҷмӯъ беҳбуд бахшидан ба сатҳи зиндагии мардуми ВМКБ мусоидат хоҳад кард.

Аз сӯйи дигар, ба таъкиди мавсуф, дар вилояти Бадахшон амалишавии лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар бахши роҳу нақлиёт идома дошта, дар ин замина сохтмони 17 пул дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Мурғоб бо арзиши лоиҳавии беш аз 20 млн доллар аллакай ба анҷом расидааст.

Дар идома муовини раиси ВМКБ гуфтааст, ки феълан таҷдиди роҳи мошингарди Шкеф – Қалъаихумб ба анҷом расида, сохтмони қитъаи роҳ аз ноҳияи Дарвоз то сарҳади ноҳияи Рӯшон оғоз гардидааст ва лоиҳакашии роҳ аз ноҳияи Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон ҷараён дорад. Инчунин соли ҷорӣ сохтмони пули мошингузар дар маҳаллаи Селхозтехника ва долонҳои зиддитармавӣ дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон низ оғоз мегардад.

Бояд гуфт, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо масоҳати 64,2 ҳазор км² дар шарқи Тоҷикистон воқеъ буда, 44,5 дарсад аз сарзамини Тоҷикистонро дар бар мегирад.

ВМКБ дар шимол бо Қирғизистон, дар шарқ бо Чин, дар ҷанубу ғарб бо Афғонистон ҳаммарз аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед