Ru  | Tj
ИМА: “Афғонистон дигар пули миллӣ чоп карда наметавонад”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

ИМА: “Афғонистон дигар пули миллӣ чоп карда наметавонад”
Акс: Best Country

ИМА: “Афғонистон дигар пули миллӣ чоп карда наметавонад”

Нашр шуд

Бозрасии махсуси Амрико дар корҳои бозсозии Афғонистон (SIGAR) изҳор дошт, ки Афғонистон ба далели набуди имконоти фаннӣ дигар наметавонад пули худро чоп кунад.

Ин идора бо ишора ба масъалаи чопи пул афзуд, ки Толибон (Толибон – ҳаркати террористии фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон) то ҳол манбаи мушаххаси дохилии чопи пули милли Афғонистонро таъсис надодаанд ва наметавонанд ин корро букунанд.

Ба гуфтаи SIGAR, бонкҳо дар Афғонистон то ҳол захираи кофӣ надоранд, маҳдудият дар пардохтҳо лағв нашудааст ва интизоми бонкиро фурӯ пӯшонидааст.

SIGAR афзуд, ки дафтари раисиҷумҳури собиқи Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар моҳи январи соли 2020 бо як ширкати лаҳистонӣ қарордоди чопи 10 миллиарди афғониро имзо карда буд, аммо ҳоло ширкати мазкур бо Тодибон кор намекунад.


Пули аз ҷиҳати экологӣ тоза: Эҳтимол сомониҳои нав дар Швейтсария чоп шаванд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед