Ru  | Tj
ИМА: “Мо аз мухолифати мусаллаҳона бар зидди Толибон пуштибонӣ намекунем”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

ИМА: “Мо аз мухолифати мусаллаҳона бар зидди Толибон пуштибонӣ намекунем”
Акс: Интернет

ИМА: “Мо аз мухолифати мусаллаҳона бар зидди Толибон пуштибонӣ намекунем”

Нашр шуд

Намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон Томас Уэст мегӯяд, ки Иёлоти Муттаҳида аз мухолифони созмонёфтаи мусаллаҳ бар зидди Толибон* пуштибонӣ намекунад.

Ҷаноби Уэст рӯзи сешанбе, 15-уми феврал дар як мулоқоти маҷозӣ бо Пажӯҳишгоҳи сулҳи Амрико гуфт, ки бархӯрди Вашингтон дар иртибот бо Толибон эҷоди таомули сиёсӣ ва овардани ислоҳот дар ин гурӯҳ аст, на ҷанг бар зидди онҳо.
“Мо аз мухолифати мусаллаҳи созмонёфтаи зидди Толибон пуштибонӣ намекунем ва низ аз дигар қудратҳо даъват мекунем, ки ҳамин тавр кунанд”, гуфтааст Томас Уэст.

Аз замони ба сари қудрат омадани Толибон муқовимати фаъол ва ҷиддии мусаллаҳона алайҳи Толибон мушоҳида нашудааст. Бо ин ҳол, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмад Масъуд алайҳи Толибон ҷанг эълон кард ва мардуми кишвар низ аз ин ҷабҳа ҷонибдорӣ намуд. Тамоми халқиятҳои Афғонистон ягона умеда худро дар Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мебинанд ва боварӣ доранд, ки танҳо ин гурӯҳ метавонад ба Афғонистон сулҳу оромӣ оварда, гурӯҳи террористии Толибонро аз миён барад. 

Аз ин рӯ, бархеҳо ин пайғоми Амрикоро ишора ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ медонанд ва мегӯянд, ки ИМА ҳоло бо Толибон канор омадааст ва бо гурӯҳҳои зидди толибонӣ чандон дилчаспӣ надорад, вале Амрулло Солеҳ, яке аз аъзоёни ин ҷабҳа мегӯяд, ки барои муқовимат бар зидди Толибон ба иҷозати Вашингтон ва Лондон ниёз надоранд.

*Толибон – Ҳаракати террористӣ

Эътирози Ҳомид Карзай аз Имронхон. Сарвазири Покистон дар мавриди занони Афғонистон чӣ гуфт?



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед