Ru  | Tj
ИМА музокирот барои эътирофи Толибонро оғоз кардааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

ИМА музокирот барои эътирофи Толибонро оғоз кардааст
Акс: RT

ИМА музокирот барои эътирофи Толибонро оғоз кардааст

Нашр шуд

Томас Уэст, фиристодаи вижаи Амрико дар умури сулҳ дар Афғонистон гуфта, ки Иёлоти Муттаҳида музокирот барои эътирофи “Толибон”*-ро оғоз кардааст.

Вай дар ин бора ба хабарнигорон дар Брюссел изҳорот дода, гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли ҳозир дар рӯи нақша ва чаҳорчӯб барои эътирофи Толибон кор мекунад.

Томас Уэст ҳамчунин аз афзоиши ҳамлаҳои ДИИШ дар Афғонистон ва ҳузури Ал-Қоида дар ин кишвар изҳори нигаронӣ карда ва аз талошҳои Толибон барои саркӯби гурӯҳҳои террористӣ ситоиш кардааст.

Ҳарчанд бовар меравад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба навъе мунтазири эътирофи Толибон аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида аст, аммо Томас Уэст эътироф карда, ки Иёлоти Муттаҳида наметавонад ба танҳоӣ ҳеҷ яке аз инҳоро иҷро кунад.

Қарор аст, Томас бо фиристодаҳои вижаи Русия, Чин ва Покистон ба Афғонистон барои ширкат дар нишасти сегона ба Покистон сафар кунад.

Мардуми Афғонистон ва ҳамчунин афғонҳое, ки дар хориҷ аз ин кишвар ба сар мебаранд, мухолифи ба расмият шинохта шудани ҳукумати Толибон ҳастанд.

*Толибон – созмони террористии фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон


Музокироти Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масъалаи сарҳад



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед