Ru  | Tj
ИМА таҷҳизоти низомиеро, ки қарор буд ба артиши Афғонистон диҳад ба Украина мефиристад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

ИМА таҷҳизоти низомиеро, ки қарор буд ба артиши Афғонистон диҳад ба Украина мефиристад
Акс: DW

ИМА таҷҳизоти низомиеро, ки қарор буд ба артиши Афғонистон диҳад ба Украина мефиристад

Нашр шуд

Рӯзномаи “Wall Street Journal” менависад, ҳукумати Байден тарҳи ирсоли чархболҳо ва таҷҳизоти дигари низомӣ ба Украинаро баррасӣ мекунад, ки замоне барои артиши парокандашудаи Афғонистон пешбинӣ шуда будааст.

Мақомоти ИМА ва Украина ба рӯзнома гуфтаанд, ки кӯмаки таҷҳизоти низомӣ ба маънии таҳкими низоми дифои Украина алайҳи Русия аст.

Мақомоти Амрико гуфтаанд, ки Шӯрои амнияти миллии Амрико то ҳол интиқоли силоҳ ба Украинаро иҷоза надодааст. Ба навиштаи “Wall Street Journal”, мақомоти Украина бо Пентагон, ки аз интиқоли силоҳи бештар ба Украина ҳимоят мекунанд, ин масъаларо ниҳоӣ кардаанд, вале то кунун Шӯрои амнияти ИМА онро таъйид накардааст.

Ин бастаи кӯмаки низомӣ, ки қарор буд ба артиши Афғонистон дода шавад шомили чархболҳои Ми-17-и сохти Русия ва танкҳои ҷангӣ буда ва акнун қарор аст, ки ба нерӯҳои дифоии Укрина дода шавад.

Дар Душанбе техникаву таҷҳизоти муосири кишоварзии Русияро ба намоиш мегузоранд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед