Ru  | Tj
Имрӯз дар Душанбе нишасти муовинони Вазирони хориҷии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Имрӯз дар Душанбе нишасти муовинони Вазирони хориҷии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Акс: Inbusiness.kz

Имрӯз дар Душанбе нишасти муовинони Вазирони хориҷии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад

Нашр шуд

Имрӯз дар Душанбе маросими оғози марҳилаи чаҳоруми «Нақшаи муштараки амал оид ба татбиқи Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии СММ дар Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон нишасти 11-уми муовинони Вазирони хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад ва дар ҳошияи он маросими оғози марҳилаи чаҳоруми «Нақшаи муштараки амал оид ба татбиқи Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии СММ дар Осиёи Марказӣ» доир мегардад.

Манбаъ мегӯяд, дирӯз Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳайати бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид, ки ба манзури ширкат дар ин нишаст ба Душанбе омадаанд, мулоқот кард.

Гуфта мешавад, дар ин ҳайат аз ҷумла, Наталя Герман, намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар Осиёи Марказӣ, роҳбари Маркази минтақавии ин созмон дар умури дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) ва Ҷаҳонгир Хон, мудири Маркази мубориза бо терроризми Дафтари зиддитеррористии СММ ба Тоҷикистон омадаанд.

Вазорат хабар додааст, ки дар мулоқоти Муҳриддин бо ҳайати СММ масоили марбут ба тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо СММ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла, таъмини сулҳу суботи ҷаҳонӣ, мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини рушди устувори иҷтимоӣ баррасӣ шудаанд.

Сироҷиддин Муҳриддин иброз доштааст, ки Тоҷикистон терроризми байналмилалӣ ва ифротгароиро маҳкум карда, ҷонибдори татбиқи босамари «Нақшаи муштараки амал оид ба татбиқи Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии СММ дар Осиёи Марказӣ» ва «Нақшаи амали Дабири кулли СММ ҷиҳати пешгирии ифротгароии хушунатомез» мебошад.

Ин дар ҳолест, ки моҳи гузашта кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Дафтари СММ дар умури мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) низ барномаи нави ҳамкорӣ имзо намуда буданд.

Таъкид гардида буд, ки «Барномаи нави Дафтари СММ дар умури мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ”, ки моҳи ноябр дар Тошканд ба имзо расид, давоми солҳои 2022-2025 амалӣ мегардад.

Ҳамоиши фосилавии Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед