Ru  | Tj
Имрӯз дастаи футболи «Истиқлол» бо дастаи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» дар бозии даври панҷум рақобат мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Имрӯз дастаи футболи «Истиқлол» бо дастаи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» дар бозии даври панҷум рақобат мекунад
Акс: ФФТ

Имрӯз дастаи футболи «Истиқлол» бо дастаи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» дар бозии даври панҷум рақобат мекунад

Нашр шуд

Дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе дар даври панҷуми  марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи «А» бар муқобили дастаи футболи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» аз АМА вориди майдон мешавад. Сабқати  дастаҳо соати 23:55 ба вақти Душанбе оғоз мегардад. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе  дар даври чоруми  марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи «А» дастаи  «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудиро бо ҳисоби 4:1 мағлуб карда буд. Дастаи мазкур пас аз ин пирӯзӣ бо 7 хол ба садри ҷадвали гурӯҳи  «А» баромад.  Дастаи футболи  «Ал-Ҳилол»-и  Арабистони Саудӣ, ки ҳафт хол дорад, дар ҷои дуюм аст. Дар бозии дигари гурӯҳи  «А»  дастаи футболи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» бар дастаи АГМК-и Ӯзбекистон  бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.


Рақобати дигари «Истиқлол» бо дастаи «Ал-Ҳилол»


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед