Ru  | Tj
Имрӯз оғози бозиҳои олимпӣ дар Токио аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Имрӯз оғози бозиҳои олимпӣ дар Токио аст
Акс: Озодӣ

Имрӯз оғози бозиҳои олимпӣ дар Токио аст

Нашр шуд

Дар Токио кушодашавии чорабинии Олипиадаи тобистонаи 2020 дар майдони варзишии миллӣ сурат мегирад. Оғози бозӣ ба соати 16:00-и вақти Душанбе рост меояд. Тариқи Шабакаи аввали Русия пахши мустақими Бозиҳои олимпӣ нишон дода мешавад.

Бинобар паҳншавии бемории сироятии коронавирус, бозӣ дар Ҷопон бе тамошобинон гузаронда мешавад.

Ба ташкилкунандагони бозӣ муяссар гардид, ки дар ҷалби варзишгарон барбарии ҷинсиро то дараҷае таъмин намоянд. Дар бозӣ 48.8% занони варзишгар иштирок мекунанд. Дар бозиҳои қаблӣ шумораи онҳо нисбат ба мардон камтар буд: дар Лондон,-44,2% ва дар Рио-45%. Бозии олимпӣ зери нишонаи баробарии ҷинсӣ гузаронда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ 10 варзишгар - Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншо Устопириён, Темур Раҳимов, Баҳодур Усмонов, Шаббос Неъматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров, Илдар Аҳмадиев, Олимҷон Ишонов, Анастасия Тюрина муаррифӣ мекунанд.

Байрақбардори дастаи Тоҷикистон дар чорабинии кушодашавии Олимпиада Темур Раҳимов мешавад.

Бозиҳо дар Токио рӯзи 8-уми август ба анҷом мерасанд.

Олимпиада барои ҷавонон - имкон медиҳад, ки таҳсили ройгонро дар Донишгоҳи Молиявӣ ба даст оранд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед