Ru  | Tj
Имрон Хон: “Дер ё зуд ҳукумати Толибон ба расмият шинохта мешавад”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Имрон Хон: “Дер ё зуд ҳукумати Толибон ба расмият шинохта мешавад”
Акс: Интернет

Имрон Хон: “Дер ё зуд ҳукумати Толибон ба расмият шинохта мешавад”

Нашр шуд

Сарвазири Покистон ин нуктаро дар мусоҳибае, ки ахиран бо шабакаи амрикоии «СNN» кард, изҳор дошт.

Ба навиштаи «Express Tribune», Имрон Хон гуфта, ҷаҳон бояд бо Толибон* ҳамкорӣ кунад ва ин гурӯҳро ба қабули он чизе, ки мехоҳад, аз ҷумла ҳукумати фарогир, ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи занон ташвиқ кунад.

Бо гузашти шаш моҳе, ки Толибон Кобулро тасарруф карданд, ҳеҷ кишваре ҳукмронии ин гурӯҳро расман эътироф накардааст.
Аммо Имронхон дар ин бора чунин баҳона пеш овардааст: «Оё мо ғайр аз Толибон дигар интихоб дорем? Не, мо надорем. Пас оё хуб аст, ки Толибон ва ҳукумати онҳо зери фишор қарор гиранд? Не. Пас, ҷаҳон бояд бо онҳо кор кунад.»

Аз рӯйи таҳлилҳо чунин хулосабарории якҷонибаи Имрон Хон ифодагари он аст, кишвари Покистон, ки ҷонибдор ва пуштибони аслии Толибон дониста мешавад, барои ба расмият шинохтани ин гурӯҳ шароит месозад. Зеро баъзе коршиносон бар ин назаранд, ки Толибон ва Покистон бо барномаҳо ҳадафҳои худро амалӣ карда истодаанд ва дар чунин вазъ боқӣ нигоҳ доштани Афғонистон низ ба дунбол ҳадафҳои зиёдеро доро мебошад.

Ҳамчунин аз рӯйи назари коршиносон дар Афғонистон гурӯҳҳои сиёсии миллии зиёде вуҷуд доранд, ки онҳо барои якпорча нигоҳ доштани ин кишвар, риояи ҳуқуқи ақаллиятҳо, ҳифзу ҳимояи ҳуқуқи занон ва духтарон ва умуман рушду суботу оромии он мувофиқтаранд.

Вай ҳамчунин ҳушдор додааст, ки агар ҷаҳон аз Толибон рӯй гардонад, таҳримҳо боқӣ монад ва низоми бонкӣ ба далели таҳримҳо пардохтпазирӣ надошта бошад, нигаронӣ вуҷуд дорад, ки Афғонистон ба бесарусомонӣ ва бӯҳрони башарӣ дучор хоҳад шуд.

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки дунё маҷбур аст дер ё зуд ҳукумати Толибонро ба расмият бишносад ва Толибон низ барои ин кор ҳукумати худро фарогир мекунанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед