Ru  | Tj
Имрон Хон: “Пас аз кушта шудани Усома бин Лодин, ИМА бояд Афғонистонро тарк мекард”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Имрон Хон: “Пас аз кушта шудани Усома бин Лодин, ИМА бояд Афғонистонро тарк мекард”
Акс: Sputnik

Имрон Хон: “Пас аз кушта шудани Усома бин Лодин, ИМА бояд Афғонистонро тарк мекард”

Нашр шуд

Имрон Хон, Нахуствазири Покистон мегӯяд, ки пас аз кушта шудани Усома бин Лодин - раҳбари шабакаи Ал-қоида, Иёлоти Муттаҳида бояд Афғонистонро тарк мекард. Ба гуфтаи ӯ, мардуми Афғонистон ҳукмронии хориҷиёнро қабул надоранд ва Амрикоро дуруст дарк накардаанд.

Нахуствазири Покистон дирӯз (панҷшанбе,10-уми феврал) дар мусоҳиба бо як расонаи чинӣ гуфт, Амрико бояд қабл аз ҳамла ба Афғонистон ва пас аз ҳамлаҳои 11-уми сентябр барои омӯхтани Афғонистон бисёр талош мекард.

Ӯ гуфт: "Агар онҳо Афғонистонро меомӯхтанд корҳо ба ин тарз пеш намерафт”.

Ба гуфтаи Имрон Хон, ӯ аз рӯзи аввал гуфтааст, ки Амрико роҳи ҳалли низомии мушкили Афғонистонро нахоҳад ёфт.

Имрон Хон гуфт, Амрико ҳатто дақиқ намедонист, ки чӣ мехоҳад ва дар Афғонистон ба чӣ ноил мешавад.

Ба гуфтаи нахуствазири Покистон, маъмурияти ИМА дар Афғонистон мебоист замоне ба поён мерасид, ки Усома бин Лодин кушта шуд.

Ба гуфтаи ӯ, Амрико мардуми Афғонистонро намешиносад: “Онҳо (мардуми Афғонистон) ҳеҷ гоҳ ҳукмронии хориҷиёнро намепазиранд. Агар мардум нахоҳанд, ҳеҷ кас бар онҳо ҳукмронӣ карда наметавонад."

Таҳлилгарон яке аз иллатҳои аслии шикасти Амрико дар Афғонистонро адами ҳамкорӣ ва ширкати самимии Покистон дар ҷанги зидди терроризм медонанд. Ба гуфтаи онҳо, бо вуҷуди дарёфти садҳо миллион доллар аз Амрико ба далели узвият дар "Эътилофи зиддитеррористӣ"

Покистон амалан ба нерӯҳои зидди Амрико ва зиддидавлатӣ кӯмакҳои башардӯстона ва силоҳ мерасонад.


Дар Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон бо ширкати Имрон Хон баргузор шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед