Ru  | Tj
Имрон Хон пас аз наздикӣ бо Русия аз Сарвазирӣ канор зада шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Имрон Хон пас аз наздикӣ бо Русия аз Сарвазирӣ канор зада шуд
Акс: Sia.az

Имрон Хон пас аз наздикӣ бо Русия аз Сарвазирӣ канор зада шуд

Нашр шуд

Ҳамагӣ чанд соат пас аз бекор шудани Парлумони Покистон бо тавсияи Имрон Хон, ҳоло худи Имрон Хон аз мақоми Нахуствазир барканор шудааст.

Дар пайи афзоиши таниш миёни Парлумон ва нахуствазири Покистон, Имрон Хон ба раисиҷумҳур Ариф Алвӣ тавсия дод, ки қабл аз додани раъйи нобоварӣ парлумонро пароканда кунад.

Имрӯз Парлумони Покистонро раисиҷумҳур бекор эълон кард. Имрон Хон аъзоёни парлумонро муттаҳам карда буд, ки бо кӯмаки агентҳои хориҷӣ, аз қабили Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қасд доранд, ӯро барканор ва терор кунанд.

Бо ин ҳол, чанд соат пас аз эълони пароканда шудани Парлумон, Ҳукумати Покистон бо судури фармони фаврӣ эълом кард, ки Имрон Хон Ниёзӣ дигар нахуствазир нест.

Имрон Хон қаблан ва пас аз сафараш ба Русия гуфта буд, ки Амрико аз мавқеаш дар муқобили ин кишвар қаноатманд нест ва дар пайи барканории ӯ аст.

Имрон Хон дар рӯзи аввали ҳодисаҳои Украина дар Русия бо Владимир Путин раисҷумҳури ин кишвар дидор кард ва пас аз бозгашт ба Покистон гуфт: “Ман ғуломи ИМА нестам, ки ончӣ онҳо гӯянд анҷом диҳам”.

Ӯ зоҳиран дар буҳрони кунунии ҷаҳонӣ бо Русия истоданӣ буд, вале пеш аз он худ қудратро аз даст дод.

Тибқи Қонуни асосии Покистон, агар нахуствазир аз мақомаш барканор шавад ва дар замони барканории ӯ ягон нафари ивазкунанда эълон нашавад, вай то таъйин шудани Сарвазири муваққат 15 рӯзи дигар дар вазифаи худ боқӣ мемонад.

Аммо ҳизби мухолифи Покистон бо пуштибонии 195 вакили парлумон Шаҳбоз Шарифро Нахуствазири нав эълон кард.


Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон рафт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед