Ru  | Tj
Имсол дар обҳои Тоҷикистон 118 нафар ғарқ шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Имсол дар обҳои Тоҷикистон 118 нафар ғарқ шудааст
Акс: аз манбаъҳои боз

Имсол дар обҳои Тоҷикистон 118 нафар ғарқ шудааст

Нашр шуд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, ки аз аввали сол то 29 июл дар кишвар 118 нафар ғарқ шудаанд, ки 60 нафари онҳо кӯдакони то 17-сола буданд.

Тайи 24 соати охир наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон як нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд.

Дар натиҷаи амалиёти наҷотдиҳандагон як сокини 18-солаи шаҳри Душанбе, ки дар обанбори "Баҳри тоҷик" ғарқ шуда буд, наҷот дода шуд.

Наҷотбахшони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш гашти соҳили обанборҳоро идома медиҳанд. Рӯзи 28 июл, соати 13:20-дақиқа, ҳангоми гашти навбатӣ наҷотдиҳандагон тавассути дурбин шаҳрвандеро мушоҳида карданд, ки дар обанбори "Баҳри Тоҷик" дар шаҳри Гулистон ғарқ мешуд.

«Наҷотдиҳандагон фавран ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, як сокини 18-солаи шаҳри Душанберо аз об берун бароварда, ба ӯ ёрии аввалия расониданд. Ҷабрдида аз бистарӣ шудан дар беморхона худдорӣ кард», - хабар медиҳад дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои Тоҷикистон, аз аввали сол то 29 июли соли ҷорӣ дар обанборҳои ин кишвар 118 нафар ғарқ шудаанд, ки нисфашон кӯдаку наврас будаанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед